Дар шаҳри Душанбе Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ муҳокима гардид

Июль 12, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо  оид ба  ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомади мазкур  иштирокчиён масъалаҳои  дурнамо ва қадамҳои минбаъда дар самти рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар раванди ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, дастрасии маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба аҳолӣ ва кор дар самти иттилоотонии идоракунии соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд.

Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотии  идоракунии тандурустӣ Сафар Сайфуддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар давоми даҳ соли охир дар доираи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо   дастгирии рушди системаи  иттилотии идоракунии  тандурустӣ анҷом дода шуд. Ин лоиҳа дар 4 марҳила  тадбиқ гардид».

Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки дар марҳилаҳои  аввал системаҳои иттилоотӣ мавриди омӯзиш  қарор дода шуда, дар марҳилаҳои минбаъда  таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар амал татбиқ карда мегардад. Ҳоло тарзи онлайнии он роҳандозӣ карда шудааст.

«Тавассути лоиҳа тамоми мавод  оид ба  сатҳи солимии  аҳолӣ ва  фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ  бо таври онлайн  дастрас  гардиданд, ки барои идоракунӣ  дар системаи тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд. Бо ин мақсад ба системаи иттилоотӣ- идоракунии  тандурустӣ афзалият дода шуд. Бояд гуфт, ки бе иттилоот мо наметавонем, ки аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ  воқиф бошем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем сатҳи  солимии аҳолӣ ва фаъолияти хуби  муассисаҳои тандурустиро  таъмин намоем»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Июль 12, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд