Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соҳиби Ҷоми шаҳрдори Остона гардид!
ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Остона бо ғалабаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба поён расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозии ниҳоӣ футболбозони ҷавони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дарвозаи дастаи овозадори «Шахтёр»-и Қарағанда 5 голи беҷавоб заданд. Нидоёр Забиров ду гол, Шарифбек Раҳматов, Суннатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбеков як голӣ ба ҳадаф расонданд.
Дастаи мунахаби ҷавонони Тоҷикистон то расидан ба финал дар даври гурӯҳӣ бар дастаҳои Қазоқистон – «Иртиш U-17» (Павлодар) – 5:2 ва «Остона U-17» – 3:1 ғалаба карда, бо дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-17) бозиро мусовӣ – 1:1 анҷом дод.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Остона
Бозии ниҳоӣ
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) — «Шахтёр U-17» (Қарағанда, Қазоқистон) – 5:0.
Голҳо: Нидоёр Забиров (2), Шарифбек Раҳматов, Сунатулло Исмоилов, Муҳаммадали Азизбоев.
Бозӣ барои ҷой сеюм
Мунтахаби Қирғизистон (U-17) — Мактаби захираҳои олимпии №8 – U-17 (Остона, Қазоқистон) – 5:0.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






