ДЕПРЕССИЯИ ТОБИСТОНА! «Дар метрология ҳам ин истилоҳ ба кор бурда мешавад», — мегӯяд Ҷамила Байдуллоева, ӯ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сабабҳои гарм омадани тобистони имсоларо шарҳ дод

Июль 21, 2018 09:21

ДУШАНБЕ, 21.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор Сайдинисо Шоҳмирзоева ҳангоми кор дар замини хонаводагии худ даргузашт. Бино ба иттилои хонаводаш, сабаби ин ҳодисаи ногувор гармои шадиди ҳавои имсола будааст. Пизишкон ҳам ин фарзияро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки дили марҳум бар асари шиддати гармо аз тапидан бозмондааст.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат пайваста шаҳрвандонро огоҳ месозанд, ки бо сабаби гармии аз ҳад зиёд чораҳои эҳтиётӣ ба кор баранд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.

Гармии тоқатфарсои имсола бори аввал нест. Соли 2015 низ ин гуна ҳарорати ҳаво баланд гашта, ба фарқ аз имсола 7 рӯз идома ёфта буд, аммо имсол он тӯлонитар шуд.

Ин нуктаро имрӯз зимни суҳбати ихтисосӣ бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева зикр намуд.

Тибқи пешгӯие, ки Агентии обуҳавошиносӣ қаблан оид ба чӣ гуна омадани фасли тобистон карда буд, дар ҳақиқат дар моҳи июн ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан муътадил омада, ба 36-37 дараҷа расид, ки ин ба меъёри муқаррарӣ баробар буд. Баъд аз ин шурӯъ аз 8 июл то имрӯз дар қисмати зиёди минтақаҳои  ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво пай дар пай 40 дараҷа  ва аз он баланд гардида, дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон 44-45, шаҳри Душанбе 42 ва дар ноҳияҳои вилояти Суғд то 43-44 дараҷа гарм гардид. Рӯзҳои наздик то 25 июл дар қисми зиёди водиҳои ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳав аз 40 то 45 дараҷа   пешгӯӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, сабаби асосии чунин ҳавои ниҳоят гарме, ки имсол тӯлонӣ гардид, ин пай дар пай дохил шудани ҳавои гарм аз тарафи Туркманистону Ӯзбекистон ба ҷумҳурии мо мебошад. «Сабаби дигар- ин асосан ҷараёни (сиклони) атмосферие мебошад, ки тайи рӯзҳои охир ба ҷумҳурии мо ҳаракат мекунад. Омили аслии ин гуна ҳаракат дар он аст, ки аз минтақаи аврупоии Россия, аз тарафи Урал, Қазоқистон, Сибир умуман ягон хел ҳавои дигар ба ҳудуди ҷумҳурии мо ва ҳудуди  Осиёи Марказӣ ҳаракат намекунад. Ва яке аз ин ҷараёнҳои атмосфериро мо депрессияи тобистона меномем, ин истилоҳ на танҳо дар тиб, балки дар соҳаи метеорология низ кор фармуда мешавад.  Ин маънои онро дорад, ки ҳаракатҳо на дар қабати замин, балки дар қабатҳои болоии то 5-километраи атмосфера рух медиҳанд, ки танҳо гардиши ҳавои ниҳоят хушк ва гармӣ доранду халос. Ин ҳолат ба пай дар пай гармшавии ҳаво дар минтақаҳои номбаршуда оварда мерасонад»,-афзуд Ҷ.Байдуллоева.

Макони асосии пайдоиш ва ҳаракати ин гармии бениҳоят хушк Эрону Ироқ, баъдан Туркманистону Ӯзбекистон мебошанд. Бояд таъкид намуд, ки тайи 11 рӯзи охир на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ӯзбекистон ва  Туркманистон низ ҳарорати ҳаво то 42-47 дараҷа расид. Инчунин дар минтақаи Эрону Ироқ низ тӯли ин муддат ҳарорати ҳавои ҳаррӯза аз 42-45 то 46 дараҷаро ташкил медиҳад.

Як сокини 54- солаи шаҳри Душанбе Саодат Ашӯрова аз ниҳоят гарм омадани ҳаво бо изҳори нигаронӣ баён намуд, ки тӯли чанд рӯзи охир вазъи саломатияш хуб набуда, фишораш баланд шудааст. «Навобаста аз он ки аз  кондитсионер  истифода мебарем, вазъи саломатиям хуб нест. Ҳар 2 соат фишорамро чен мекунам, зеро пайваста боло мебарояд. Аз тарс ба берун ҳам дигар намебароям, зеро ҳарорат тоқатфарсост»,-мегӯяд ӯ.

Табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова дар ин бора иброз дошт, ки  шахсоне, ки бемориҳои фишори баланд, ишемияи дил, диққи нафас доранд, шиддати гарморо бештар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тавсияҳои табибонро риоя созанд ва дорувории заруриро сари вақт истеъмол кунанд. Ҳамзамон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтону назди ҳавзҳо қарор гиранд, то нури офтоб ба онҳо камтар расад.

Ба иттилои табиб, гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад. Зеро ҷисми кӯдакон заиф ва нозук аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об ва ҳар гуна шарбатҳо тавсия дода мешавад. Дар кӯлу ҳавзҳо  ҳангоми гармии рӯз оббозӣ тавсия дода намешавад, — иброз дошт Ш.Сабурова.

Ҷамила Байдуллоева изҳор намуд, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ ҳамарӯза дар тӯли 11 рӯзи охир ба тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пай дар пай огоҳиномаҳо омода шуда, ирсол карда мешаванд. Дар он зикр карда мешавад, ки тӯли ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон, Суғд ва тобеи марказ то 40-45 дараҷа гарм мешавад. Дар ин муддат дар майдонҳои заминҳои кишоварзӣ ҳарорати ҳаво боз ҳам баландтар мегардад. «Мо тавсия медиҳем, ки аз соати 13 то 15 рӯз сокинон на танҳо аз кор кардан дар заминҳои кишоварзӣ даст кашанд, инчунин бояд ба оббозӣ намудани кӯдакон низ роҳ надиҳанд»,-мегӯяд ӯ.

Дар натиҷаи баландшавии ҳарорат дар ҷумҳурӣ обшавии барфу пиряхҳо ба назар мерасад, ки оқибатҳои он метавонад хисорот дар пай дошта бошад.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ Шуъбаи обшиносӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза натиҷаи мушоҳидаҳоро аз ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ пешгӯӣ мекунад. Мушоҳидаву пешгӯиҳои ин шуъба нишон медиҳанд, ки дар 20 рӯзи моҳи июл дар қисми зиёди дарёҳое, ки асосан аз ҳисоби пиряхҳо ва барфҳои мавсимӣ ғизо мегиранд, баландшавии сатҳи дарёҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, имсол дар дарёи Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии об ба мушоҳида мерасад.

Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, ҳаво дар ҷумҳурӣ дар нимаи аввали моҳи август низ нисбатан гарм пешгӯӣ карда мешавад. Эҳтимол аст, ки дар қисми зиёди водиҳо дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво ба 40 ва дар қисматҳои ҷанубӣ то ба 43 дараҷа расад.

«Қисмати дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво каме паст мешавад. Дар ин давра  дар водиҳои тобеи марказ ва минтақаи вилояти Суғд то 32-37 дараҷа ва дар қисматҳои ҷануби вилояти Хатлон то 38-39 дараҷа гарм шудани ҳаво пешгӯӣ карда мешавад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷамила Байдуллоева аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз шаҳрвандон тарзи дурусти мушоҳида ва санҷидани ҳарорати ҳаворо намедонанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ  Агентиро айбдор мекунанд, ки гӯё онҳо нодуруст пешгӯӣ намуда, ҳақиқатро рӯйпӯш мекарда бошанд. «Агар онҳо чӣ гуна будани вазъи ҳаворо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Туркманистон ва Ӯзбекистон фаҳмидан хоҳанд, метавонанд аз сомонаҳои интернетӣ огаҳӣ ёбанд. Агар дар Ашқобод ҳарорати ҳаво 42 — 44 дараҷа пешгӯӣ карда шавад, онҳо фикр мекунанд, ки мо бояд 50-52 дараҷа гӯем. Мо аз таҷҳизоти гуногуни ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ истифода бурда, вазъи ҳаворо пешгӯӣ мекунем. Баъзе нафарони ноогоҳ бояд донанд, ки ҳарорат дар соя, дар баландии 2 метр аз сатҳи замин, дар хоначаҳои махсуси психометрӣ, ки ҳароратсанҷҳо дар дохили онҳо қарор доранд, санҷида мешавад, на дар зери офтоби сӯзон»,-зикр намуд ӯ.

Бинобар ин ҳарорате, ки дар ҷои соя чен шуда бошад, аз ҳарорати  қабати болоии замин фарқ дорад.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
 АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст