ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Тошканд ҷои сеюмро ишғол намуд

Июль 10, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 9 июл чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Дар мусобиқа дастаи  мунтахаби Тоҷикистон, иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ доир намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Дар даври аввал футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳамсолонашон аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби  мусовии  2:2 анҷом дода, дар ду бозии дигар бо дастаи  мунтахаби  Афғонистон ва Ӯзбекистон мағлуб шуданд.

Ёдовар  мешавем, ки  дастаи  футболи наврасони Ӯзбекистон бо 9 хол ғолиби мусобиқа шуд.

Дастаи мунтахаби Афғонистон  бо 6 хол ҷои дуюмро  ишғол кард.

Июль 10, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид