Куштори духтарчаи хурдсол дар Серпухово: дар бораи қотил ҳанӯз як сол пеш ба нозири минтақавӣ хабар дода буданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз иттилоъ додем, куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, дар Тоҷикистон сабаби нигаронии шадид ва изтироб гардид.
Дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Россия номаи ёддошт ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват кардааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.
«Дирӯз ҷасади Ҳувайдои 5-сола, ки дар шаҳри Серпухово аз ҷониби қотил кушта шуд, ба Ватан – Тоҷикистон фиристода шуд», — менависад рӯзномаи «Московский комсомолец». Ба иттилои рӯзнома, «маросими видоъ дар саҳни биное, ки оилаи Вайдаи хурдсол зиндагӣ мекард, баргузор шуд. Ҳатто мардон ашк мерехтанд. Занон ба суроғаи онҳое, ки метавонистанд пеши роҳи ин ҳодисаро гиранд, вале нагирифтанд, нафрат мефиристоданд. Охир Александр Сёмини 27-солаи боздоштшуда аллакай зери назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтода буд».
Хабарнигорони рӯзномаи «МК» тафсилоти нишондодҳои ҳамсояҳоро, ки соли гузашта кӯшиш намуданд ҷинояткорро ошкор намоянд, инчунин ба муқобили кӣ ҷараён доштани тафтишот ва зиндагии оилаи муҳоҷирон дар маркази ноҳияро маълум карданд.
Оила
Волидони Ҳувайдо (Вайда – номи кӯтоҳкардаи духтарак)-и аз дасти қотили ваҳшӣ кушташуда ҳарду аз Кӯлоб буда, дар Россия бо ҳам шинос шудаанд. Абдусаломи 41-сола ва Нигинаи 40-сола муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ба шаҳри Серпухово тақрибан 20 сол пеш омада буданд.
Пеш аз шинос шудан бо Абдусалом Нигина оиладор шуда буд. Ӯ дар маркази савдо ҳамчун фаррош ба кор даромад ва бо як ҳамватанаш оила барпо намуд. 14 сол пеш дар оилаи онҳо духтарча ба дунё омад, ки боиси сардӣ дар муносибати онҳо гардид. Мард гуфт, ки ба Россия барои пул кор кардан омадааст ва намехоҳад бори зиндагӣ кашад.
Нигинаи бо тифл танҳомонда тавассути хешовандонаш (дар Москва бародар ва ду ҷиян дорад) бо Абдусалом шинос шуд. Абдусалом новобаста аз он, ки бо корҳои сохтмонӣ рӯз мегузаронд, нисбат ба оила ғамхорӣ зоҳир мекард.
Бо гузашти вақт — тақрибан 7 сол пеш оилаи муҳоҷирон дар кӯчаи Тяговой маскун шуд ва дар оилаи онҳо аввал духтарчае бо номи Ҳувайдо ва баъдан дӯстрӯяки дигар (ба ӯ ҳангоми таваллуд ташхиси фалаҷи мағзи сари кӯдакона гузошта буданд) таваллуд шуда, соли гузашта писараки деринтизор ба дунё омад.
Ин оила дар хонаи дуҳуҷрагии бинои дуошёна зиндагӣ мекунад. Ба хонаи онҳо ҷиянҳои Нигина зуд-зуд меоянд. Дар наздикии шаҳр оилаи амаки Абдусалом- Мурод зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи амакаш, корҳои Абдусалом навакак хуб шуда истода буданд, ба хона ва кӯдакон пул мерасид, ӯ ба таъмири ҳуҷраҳо шурӯъ карда буд ва дар фасли тобистон маблағи нағз ба даст меовард.
Дар Серпухово ҷамъияти тоҷикон фаъол нест, вале ҷомеа ҳаст – тоҷикон бо ҳам муттаҳиданд ва аллакай тақрибан ним сол аст, ки дар бораи таъсиси ташкилоти конфессионӣ сару садоҳо паҳн мешаванд. Рӯзи дигари ҳодиса ҳамаи ҳамватанон ба саҳни бинои истиқоматии Абдусалом дар кӯчаи Тюговой омаданд. Ин оиларо ҳамаи ҳамсоягон хуб медонистанд ва дар бораи ҳар як узви он ҳамчун одамони нексиришт ва ботарбия сухан мекарданд. Субҳи барвақти 24 июл тақрибан 50 нафар тоҷикони Серпухово ва ноҳияҳои наздик барои изҳори таслият ва пешниҳоди кумак ба назди Абдусалом ва Нигина омаданд.
Тафтишот
Дирӯз мо аллакай иттилоъ додем, ки дар бораи дастгиршуда Александр Сёмин, ки гумонбари содир намудани куштор мебошад, кайҳост, ки овозаи бад паҳн шуда буд. Соли гузашта волидони ду нафар кӯдакон аз болои ӯ ба полис шикоят карда буданд. Дирӯз модари ҳарду кӯдакро аллакай дар Кумитаи тафтишотии Россия бозпурсӣ карданд. Рӯзномаи «МК» тафсилоти нақли ду зан – Любов ва Иринаро, ки ба мақомот муроҷиат карда буданду вале бе натиҷа монда буд, пайдо кард.
6 июни соли гузашта тақрибан соати 16:00 ду духтараки 12-сола барои хӯрок додани гурбачаҳо ба назди биное, ки дар ошёнаи якуми он Александр Сёмин зиндагӣ мекард, рафтаанд. Онҳо дар назди даромадгоҳи бино хӯроки хонагӣ гузошта, ҳайвонҳоро тамошо мекарданд.
Ногаҳон ҳамсояи аҷиб бо онҳо суҳбат оғоз кард. Ӯ духтаронро даъват кард, ки ин гурбачаҳоро гирифта, бо онҳо дар хонаи ӯ бозӣ кунанд, вале духтарчаҳо даъваташро рад карданд. Духтаракон ба паси бино, ки он ҷо қабри гурбае буд, рафта, дар болои буттазор нишастанд. Ногаҳон яке аз онҳо ба қафо гашта, дид, ки чӣ гуна Александр дар пасаш истодааст ва шимашро поён мекунад. Духтарак аз тарс дод мезанад, Александр кӯшиш мекунад, ки дугонаҳоро дастгир кунад.
Ҳарду духтарак мегурезанд. Бадахлоқ аз паси онҳо давида, дод мезад, ки истанд, вале ба дугонаҳо муяссар мешавад, ки аз чанги ӯ раҳо шаванд. Баъдан онҳо дар бораи ҳодисаи рухдода ба модаронашон нақл ва модарон навбатдоронро даъват мекунанд. Кормандони ҳифзи тартибот аз ҳамаи ҳозирин баёноти хаттӣ ва рақамҳои телефонҳояшонро гирифта, мегӯянд, ки бо онҳо нозири минтақавӣ дар тамос мешавад.
Вале як ҳафта гузашту бо ҳеҷ яке аз занон касе дар тамос нашуд. Ирина ва Любов худашон қарор доданд, ки ба назди нозири минтақавӣ раванд, аммо як маротиба шуъбаи полис рафта, ӯро дар ҷояш пайдо накарданду дигар аз баҳри тамос бо нозири милитсия гузаштанд. Тавре ба рӯзномаи «МК» ёрдамчии калони роҳбари Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Россия дар вилояти Москва Олга Врадий иттилоъ дод, аз рӯи далели мазкур тафтишот гузаронида мешавад.
Мо бо нозири минтақавӣ, ки ба маҳалли кӯчаи Тюговой масъул аст, дар тамос шудем. Ӯ Иля Рижаков мебошад. Ба суол дар бораи он ки оё ӯ ҳодисаи соли гузаштаи марбут ба Александр Сёминро дар ёд дорад, корманди полис (ногуфта намонад, қаблан ӯ ҳамчун танзимгари мусиқӣ (диджей) дар киштӣ кор кардааст) ҷавоб доданро рад кард.
Оё нозирони минтақавии Серпухово тасаввур карда метавонанд, ки уҳдадории касбии онҳо аз чӣ иборат аст? Охир зимни ҳодисаи даҳшатноки бо сокини Серпухово Рита Грачёва рухдода, ки дасташро шавҳари девонааш бурид, «анискин» низ ба шикоятҳои ӯ аз болои шавҳари золимаш дар вақташ вокуниш накарда буд. Ва ҳамааш бо фоҷиа анҷомид.