МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: гарм шудани ҳаво ба дарахтони мевадиҳанда ва зироат чӣ таъсир расонида метавонад?

Июль 11, 2018 08:03

ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гармшавии иқлим дар кураи замин, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳодисаи фавқулода набуда, табиӣ ва аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб меравад. Ин омил  ташвишовар буда, дар миқёси олам таъсири манфии худро дар шакли гармшавии ҳаво,  ифлосшавии муҳити зист, саломатии аҳолӣ, заифшавии қабати озони атмосфера, обшавии пиряхҳо ва мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ мерасонад.

Вобаста ба гармшавии ҳаво ва таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сарходими илмии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Нурмаҳмад КАМОЛОВ суҳбат намуд.

Зимни суҳбат Нурмаҳмад Камолов иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим ҳодисаи табиӣ буда, он вобаста ба гузашти вақт тағйир ёфта меистад. Он дорои шакли ҳаракати мавҷмонанд буда, тибқи нишондоди  таҳқиқоти илмӣ, тӯли солҳои дароз ба пасту баландшавии ҳарорати ҳаво оварда мерасонад.

«Тайи солҳои охир тағйирёбии иқлим асосан рӯ ба гармшавӣ дорад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар кураи замин ҳарорат қариб  0-2 градус баланд шуда истодааст. Вақте ки иқлим тағйир меёбад, он ба мавҷудоти зиндаи табиат, аз ҷумла растанӣ, дарахтони мевадиҳанда ва зироати сабзавотӣ таъсири манфии худро мерасонад»,- мегӯяд сарходими илмии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи номбурда, ҳар як намуди зироати кишоварзӣ аз ҷиҳати хусусияти биологӣ ба  тағйирёбии иқлим  мутобиқ буда, ҳангоми то 30- 32 дараҷа баланд шудани ҳаво тағйирёбӣ ба чашм намерасад. Дар ин вақт ҳамаи хусусиятҳои химиявӣ,  физиологӣ ва биологии растанӣ дар шакли муътадил мегузаранд. Вақте ки ҳарорат аз 32-34 дараҷа  баланд шуд, аллакай таносуби мутобиқати растаниҳо  ба ҳарорат ба чашм мерасад.

Дар ҳолати аз 30- 35 дараҷа  боло рафтани ҳарорати ҳаво дар аксар зироати сабзавотӣ ҳолати гардолудшавии муътадили гулҳо ба амал намеояд ва ин сабаби камҳосилии зироат мегардад. Инчунин дар аксари дарахтони мевадиҳанда ва зироат  ҳолати физиологӣ тағйир ёфта, муътадил гузаштани ҷараёни фотосинтез ба амал намеояд. Ин  ҳолат ба захирашавии моддаҳои органикӣ-минералие, ки барои ҳаётгузаронии зироат заруранд, таъсири манфии худро мерасонад.

«Бояд гуфт, ки ҳар як зироат, растанӣ  ва дарахти мевадиҳанда ба пасту баланд шудани ҳарорат мутобиқати хоси худро дорад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат бархе аз растаниҳои гармидӯст  то  40, 45 ва 50 дараҷа  устуворӣ нишон дода, ин равандро кам эҳсос мекунанд. Вале  аксари зироати кишоварзӣ ин ҳолатро бо мушкилӣ паси сар менамоянд.


Аз  ин рӯ, дар институтҳои тадқиқоти илмии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ омӯзиши як қатор навъҳои зироати сабзавотӣ, ба монанди  картошка ва дарахтони мевадиҳанда дар шароити коллексионӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло зиёда аз 150 навъи зардолу ва ток  дар коллексия мавҷуд буда, дар ҳоли омӯзиш қарор доранд»,- иброз дошт номзади илмҳои кишоварзӣ Нурмаҳмад Камолов.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, зимни омӯзиши навъҳо дар шароити коллексионӣ  зироат ва навъҳои дарахтоне интихоб карда мешаванд, ки дар шароити гармшавии обу ҳаво давраи ҳаётгузаронии муътадил доранд ва ҳосили хуб дода метавонанд. Мақсади омӯзиш аз  он иборат аст, ки дар оянда чунин навъҳо интихоб шуда, барои дар  истеҳсолот парвариш ёфтан пешниҳод мешаванд. Ҳамин тавр, ҳамаи парваришгоҳҳои тадқиқотии соҳаи кишоварзӣ дар пеши худ чунин мақсад гузошта, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ин гуна корҳоро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин  Нурмаҳмад Камолов иброз медорад, ки зимни  гарм шудани ҳаво кишоварзон бояд ба раванди як қатор чорабиниҳои агротехникӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Хусусан, бояд дар заминҳои обӣ обмонии шабона ба роҳ монда шавад. Зеро дар вақти паст будани ҳарорат замин обро хуб ҷаббида мегирад. Дар вақти гармӣ обмонӣ манфиат надошта, ба растанӣ таъсири манфӣ мерасонад.

«Бо сабаби он ки ҳавои минтақаи Тоҷикистон  тағйирёбанда аст, аз ин рӯ дар заминҳои лалмии ҷумҳурӣ норасоии намнокии хок ба чашм мерасад. Ҳангоми норасоии намнокии хок дар боғу токзор сифати маҳсулот  низ паст шуда,   он наметавонад моддаҳои зарурӣ: қанд, сафеда, равған ва дигар моддаҳои биологиеро, ки ба маҳсулот заруранд, ба худ гирад. Зеро барои ҳамаи ин намнокӣ зарур мебошад.

Бинобар ин деҳқононро зарур меояд, ки  дар заминҳои лалмӣ  хоки бехи дарахтони мевадиҳанда ва зироатро майда кунанд. Аз рӯи имконият маводи гуногун, ба мисли  пардаи полиэтиленӣ, тол  ва коҳу алафҳои пӯсидаро  истифода намуда, сатҳи решаи дарахтонро рӯйпӯш (ба забони илмӣ-мулча) намоянд.   Дар ин вақт намнокие, ки дар таҳи хок мавҷуд аст, нигоҳ дошта мешавад ва  кишоварзон метавонанд ҳосили фаровон ва дилхоҳ ба даст оранд»,-илова намуд сарходими илмии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Нурмаҳмад Камолов.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид