Ғолибони мусобиқаи шамшербозӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулхайр Усмонов рӯзҳои 21–22 июли соли 2018 дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин мусобиқаи ҷумҳуриявии шамшербозӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 50 тан шамшербоз аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон — 2 ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи олимпӣ ва Федератсияи шамшербозии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки аз ин варзишгарон умеди ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ доранд.
Сабқатҳо дар мусобиқаи мазкур аз рӯйи се шакл- байни наврасон, байни бонувон ва миёни калонсолон ҷараён гирифт.
Байни наврасон мақоми аввал насиби Алиҷон Холиқов аз шаҳри Душанбе гардида, зинаи дуюм ба Маҳмуд Шарипов ва ҷойи сеюм ба Зулфиқор Абдуллоев, ҳарду аз дастаи Хатлон — 2 дода шуд.
Байни бонувон ҷойи аввалро Манижа Бобоҷонова, ҷойи дуюмро Манижа Зарбиева аз шаҳри Душанбе ва мақоми сеюмро Ориёна Пулодова аз дастаи Хатлон – 2 ба даст оварданд.
Инчунин миёни калонсолон Суҳроб Мирзоев аз дастаи Хатлон — 2 дар зинаи аввал, Бегназар Нуров аз дастаи Хатлон — 2 дар мақоми дуюм ва Шаҳриёр Нуралиев аз Турсунзода дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Масъулин мақсади баргузории мусобиқаи мазкурро дарёфти варзишгарони беҳтарин ва сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои байналхалқӣ номиданд.
Ёдовар мешавем, ки шамшербозӣ варзиши намуди олимпӣ ба шумор рафта, тоҷикон аз қадимулайём ба он таваҷҷуҳи хосса доранд. Умед аст, ки аз байни ин шамшербозон дар ояндаи наздик варзишгароне, чун Абдулхайр Усмонов тарбия ёфта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






