Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд

Июль 19, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки аз шурӯъ аз 17 июл дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон  ҷараён дорад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввали рақобатҳо варзишгари шинохтаи  тоҷик Азмуддин Ваҳҳобов дар вазни 130 кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар даври чорякфинал бар варзишгари Амороти Муттаҳидаи Араб Бадер Алӣ Аҳмаднур Ҳасан Алалӣ бо ҳисоби 9:0 ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари мизбон Арйан Панвар бо ҳисоби 4:5 мағлуб гардид. Азмуддин сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Япония Акимишӣ Сакаӣ бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуд.

Паҳлавони  дигари тоҷик Далер Розиқов низ дар вазни 77 кг рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз варзишгари кишвари мизбон Саҷан Саҷан ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сингван Лӣ шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа паҳлавони ҷавони  тоҷик  Бахтовар Ҳасанов дар вазни 72 кг вориди рақобат шуд. Ӯ дар рақобати аввал варзишгари Чин Чуан Жангро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қирғизистон Бексултон Назарбоев бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Сипас, ӯ дар рақобат барои ҷои сеюм ҳарифаш Ҷиун Ҷонг аз Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 9:0 мағлуб кард.

Имрӯз  дар гӯштини  байни бонувон  Шоира Раҷабова  дар вазни 50 кг  ва 21-22 июл дар намуди гӯштини озод варзишгар Саидҷон  Гулов дар вазни 57 кг ва Муборакшо  Қурбонбеков дар вазни 65 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон то 22 июл идома карда, варзишгарони тоҷикро дар чемпионат мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Мурод Ҳомидов ҳамроҳӣ доранд.

Июль 19, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад