Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ Франсия бо ҳисоби 4 бар 2 Хорватияро мағлуб карда, бори дуюм дар таърихи худ чемпиони ҷаҳон гардид.
Бори охир дастаи Франсия қариб 20 сол пеш — дар Ҷоми ҷаҳон-1998, ки аз 10 июн то 12 июл дар Франсия баргузор гардид, унвони чемпионӣ ба даст оварда буд.
Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар 11 шаҳри Россия баргузор гардид, дар сатҳи олӣ гузашта, аз ҷониби аксар кишварҳои дунё ба он баҳои мусбат дода шуд.









Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






