ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июл, чоршанбе, 185-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 4, 2018 08:03

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

***

5 сол пеш, 4 июли соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи кишвар оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода шуд.

4 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.

***

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

РӮЙДОДҲО:

 4 июли соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

4 июли соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло  ҳамчун   Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

***

Дар ин рӯзи соли 1631 дар Париж аввалин маротиба Агентии шуғл- идораи суроғавӣ таъсис дода шуд.

***

4 июли соли 1997 дар Марс дастгоҳи «Pathfinder»-и Америка фуруд омад.

***

4 июли соли 2004  Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба фубол шуд.

***

4 июли соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст овард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардид.

***

Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 «Комсомоли ленинӣ» аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.

Июль 4, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд