ТАЪРИХРО БОЯД ДОНИСТ. Ходимони дини Тоҷикистон ба осорхонаҳо мераванд
ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Таърих – хазинаи карнамоиҳои мо, гувоҳи гузашта, намунаву панд барои имрӯз ва огоҳӣ барои оянда мебошад». Чунин гуфта буд нависандаи маъруфи испанӣ, муаллифи машҳуртарин роман дар бораи Дон Кихот ва дигар асарҳои номдори ҷаҳони адабиёт Мигел де Сервантс. Бинобар ин ҳар як фард, минҷумла касоне, ки ҳамеша бо одамон дар муошират мебошанд, бояд таърихро донанд. Аз ҷумла, воизони дин ва имомхатибони масҷидҳо.
Маҳз барои ҳамин ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки аз осорхонаҳои кишвар дидан намоянд. Дар ин бора Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, муаллиф ва муҳаррири барномаи «Соярӯшан» дар Радиои «FM Ховар» хабар дод.
«Ходимони дин бояд таърихи сарзамин ва фарҳанги қадимаи ниёгони худро донанд ва дарк намоянд, ки донистани қавоини олам ба бобокалононамон имкон дод, ки аз санҷишҳои ҷангҳову дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар гузаранд, забон ва фарҳанги худро ҳифз кунанд. Омӯхтани сарчашмаҳои худ ба дарки анъана ва эътиқоди дигар одамон кумак мерасонад», — мегӯяд ӯ.
Чанде пеш 116 нафар ходимони дини водии Ҳисор аз осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дидан намуданд. Пештар аз он чунин иқдом дар осорхонаи мазкур барои имомхатибони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб роҳандозӣ шуда буд. Барои боздид аз осорхона ва ҷойҳои таърихӣ тақрибан 4 ҳазор нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз саросари ҷумҳурӣ сафарбар хоҳанд шуд.
Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар Осорхона барои ҳифзи осори антиқӣ 5 махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва 12 озмоишгоҳ мавҷуд аст. Имрӯз дар Осорхона зиёда аз 50 ҳазор ёдгории таърихӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба театр мерафтанд. Аввалин намоиши театрие, ки ходимони дин тамошо намуданд, драмаи «Обу оташ» аз рӯи асари нависанда ва драматурги тоҷик, ходими адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд. Баъдан воизони масҷидҳои ҷомеи водии Ҳисор барои тамошои намоиши мазкур дар бинои театри Шаҳринав ҷамъ омаданд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли гузашта бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши таърихии «Чархи гардун»-ро аз рӯи асари Нур Табаров тамошо карда буданд. Баъд аз ин Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба кормандони милитсия тавсия дод, ки ақаллан моҳе як маротиба ба театр раванд.










«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






