ВАҲДАТИ МИЛЛӢ–ҶАШНИ МУҚАДДАС ВА ЗАМОНАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бардоштҳо аз таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

Июль 2, 2018 17:48

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат санаҳое вуҷуд доранд, ки дар тақдири онҳо сарнавиштсозанд. Бо гузашти замон ин санаҳо намоди тақаддусӣ ба худ мегиранд ва мардум ҳамеша ба онҳо арҷ мегузоранд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвари аҳуроии мо, Тоҷикистон аз чунин ҷашнҳоест, ки чун милоди миллат ва эҳёи давлат ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосе таҷлил мешавад ва аз муҳимтарин ҷашнҳои замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ин ҷашнро 27 июн дар суханронии хеш дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ном бурданд.

Дар ин рӯзи муборак, бисту як сол муқаддам Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, кишварро аз пош хӯрдан ва давлатро аз нобудӣ наҷот дод ва дар кишвар саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдорӣ оғоз гардид. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар таърихи инсоният борҳо ба мушоҳида расидааст, ки бинобар сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ омилҳои таъминкунандаи ваҳдат миёни миллатҳо халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва заволи онҳо гардидаанд. Ҳоло дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллат ва кишвари мо ба маротиб зиёданд, вале садсолаҳо дар орзуи давлати мустақили хеш мебошанд.

Имсол макони баргузории таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ вилояти Суғд буд, ки маросими бузургдошти он аз шаҳри бостонии Истаравшан оғоз гардид. Бояд гуфт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ мардуми шарифи кишвар тӯли сол омодагиҳое мегиранд ва дар ин рӯз корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд, мактабҳои замонавӣ дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз менамоянд, майдончаҳои варзишӣ барои ҷавонон ба истифода дода мешаванд, роҳҳои зиёде мумфарш ва таҷдид мегарданд ва бо як ҳарф, мардум аз корҳои созандаи худ дар ин рӯз ба Пешвои муаззами худ гузориш медиҳанд.

Аз шумори корҳои муҳим ва созандае, ки сокинони вилояти Суғд ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом доданд, ин дар шаҳри Истаравшан қомат афрохтани нишони давлатӣ ва парчами миллист, ки намунаи волои арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, ба намои шаҳр ҳусни тозае зам намуд. Қалъаи муғ, ки ёдгоре аз ниёгони тамаддунофари мост, ба ибтикори Пешвои миллат дар ин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷдиду таъмир шуда, ба як маҷмааи зебои таърихию фарҳангӣ мубаддал гашт. Бо ин амал Сарвари давлат, пеш аз ҳама, рӯҳи гузаштагони худро шод карда, дар ин айёми бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан чунин туҳфаи арзандае пешкаш намуданд. Шаҳри бостонии Истаравшан дар шумори ками он шаҳрҳои Осиёи Марказист, ки то ҳанӯз дар хеш анвои ҳунарҳои мардумиро ҳифз карда, кӯчаю гузарҳое, бо номи сӯзангарон, читгарон, собунгарон, чармгарон ва ғайра дорад. Бар юмни таҷдиду таъмири маҷмааи таърихию фарҳангии Калъаи муғ тамоми ҳунарҳои мардумии ин шаҳри бостонӣ дар як ҷо гирди ҳам оварда мешаванд ва ин меъмории куҳан ва навини миллати мо таваҷҷуҳи на танҳо шаҳрвандони кишвар, балки сайёҳону меҳмонони хориҷиро низ ба худ ҷалб карда, дар шиносоии гузашта ва имрӯзи кишварамон саҳм хоҳад гирифт.

Бузургдошти рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд идома пайдо кард ва 26 июн Пешвои миллат дар ҷамъи намояндагони шинохтаи қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар дар маросими Иди нон, асал ва зардолу, ки тамоми ноҳияҳои вилояти Суғд анвои нон, асал ва зардолуи парваридаи хешро ба маърази намоиш гузошта буданд, ширкат карданд. Ҷои зикр аст, ки баргузории ҳамчунин намоишгоҳҳои маводи ғизоӣ дар гӯшаю канори кишвар бархоста аз яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки он қадам ба қадам амалӣ мегардад. Соли 2018 намунаи боризи татбиқи ин ҳадаф- бунёди 737 гектар боғи навбунёд мевадиҳанда дар вилояти Суғд мебошад.

Шаҳри Конибодом, ки имсол макони расмии баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузида шуд, яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва кишоварзии рушдкардаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби ошомиданӣ амалӣ шуда, қитъаи шоҳроҳи Конибодом-Патар, ки 5,7 км-ро дарбар мегирад, мавриди истифода қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Пешвои миллат бо ҳузури аҳли зиё ва дигар меҳмонони даъватшуда ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар яке аз ҷойҳои хушманзари шаҳри Конибодом муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд. Умуман дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Суғд бо бунёди роҳҳо, нақбҳо, кӯпрукҳо, корхонаҳо, мактабҳо, боғчаҳо барои кӯдакон, иншооти обгузар ва ғайра, ки ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба анҷом расиданд, ба пиёда шудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумат – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мусоидат мекунанд.

Нуқтаи баланди таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом буд. Пешвои миллат аз раванди пур аз мушкилоти музокироти тӯлонии давлат бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин ёдрас шуда, фармуданд: «Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин музокирот оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳим ба имзо расонидем. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати  миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад».

Бояд гуфт, ки баъд аз табаддулоти гурӯҳе аз низомиён дар моҳи сентябри соли 2015, ки бо ҳидоят ва сармоягузории ҳизби террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат сурат гирифт, мубаллиғони онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳарфи нодурустро мезаданд, ки дар ба имзо расидани Созишномаи сулҳ  ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гӯё нақш доштааст. Ба хотири ботил кардани ин дурӯғпароканиҳо Пешвои миллат дар ин суханронии хеш равшан таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард. «Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донад»,-гуфтанд Сарвари давлат.

Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол боз як хусусияти хоси дигаре пайдо намуд. Ба назар расид, ки домони ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имсол густурда гардида, ба ҷашни минтақавӣ табдил ёфт. Дар ин рӯз ҷашни Ваҳдати миллиро тоҷикон якҷо бо меҳмонон аз ҳамсоядавлатҳои худ — Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар фазои пур аз сафову самимият ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҷлил карданд. Ба яқин, ин ҳам аз хадамоти шоиста ва бузурги Пешвои миллат аст, ки ҳамеша талош доранд дарвозаҳои меҳру муҳаббати тоҷиконаро ба рӯи дӯстон ва ҳамсоягон кушода нигаҳ доранд.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар- ин танҳо ҷашн ба хотири ҷашн нест. Маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. То имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 150 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии зиёда аз 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви бештар аз 70 созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор медиҳад. Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хотири он низ ҳаст, ки шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавонони давронсоз, ки мушкилиҳои ибтидои замони истиқлолияти давлатиро хушбахтона надидаанд, бояд дарк намоянд, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ чӣ гуна ба даст омаданд, моҳият, мазмун ва муҳтавои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз чӣ иборат аст.

Тавре Пешвои миллат изҳор карданд, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмондани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ниҳоят муҳим аст. Шаҳрвандони кишвар неъмати бузурги истиқлолият ва ваҳдати миллиро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро дар ин замони пурошӯб ва ҷаҳонишавии бошитоб танҳо ваҳдати миллӣ кафолати ҳамешагии истиқлолияти давлатии моро аз нооромиҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ медиҳад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар яке аз ноҳия ва шаҳрҳои кишвар баргузор мегардад. Сафарҳои Пешвои миллат ба вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо зиндагии мардум дар минтақаҳо мебошад. Дар рафти ин сафарҳо Пешвои миллатро ҳайате аз ходимони сиёсӣ, аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ҳамроҳӣ менамоянд. Аҳли илму адаб дар ин рӯзҳо бо сокинони кишвар суҳбату мулоқот баргузор намуда, аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллиро ба мардум шарҳу эзоҳ медиҳанд.

Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат аз наздик бо шаҳрвандони кишвар суҳбатҳо меороянд, онҳоро бо дастовардҳои нави меҳнатӣ табрик мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баррасӣ карда, роҳҳои ҳар чи зудтар рафъ намудани онҳоро ба масъулин дастур медиҳанд.

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин ҷашн ба муколамаи мустақими Пешвои миллат бо мардуми кишвар табдил ёфтааст.

Нуралӣ САИДОВ, котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа,

Ҳамза КАМОЛ, раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон,
узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Июль 2, 2018 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст