Варзишгарони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо соҳиби ду медал шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, ки 21 июл дар шаҳри Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, сазовори 2 медал гардиданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 4 варзишгар — Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг, Фаридун Холиқов дар вазни -81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг иштирок карданд
Сулаймони Ҷамшед дар ин мусобиқаи варзишӣ ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, сазовори медали тилло гардид. Ӯ дар финал бар варзишгари Ҳиндустон Майанк Кадиан ғолиб омад. Паҳлавони дигари тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар вазни худ ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Эмомризо Қурбонов дар мусобиқа ҷои панҷумро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар Макао 125 варзишгар (80 писар, 45 духтар) аз 29 давлати ҷаҳон иштирок карданд.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






