Ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ИДМ дар Россия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози Тоҷикистон, Россия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус, Озорбойҷон ва мушоҳидачиён-намояндагони Хадамоти миллии андози Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки иштирокдорони ҷаласа асосан масъалаи маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамиро баррасӣ ва ҳолати иҷрои нақша-чорабиниҳои дар ҷаласаи қаблӣ –соли 2017 қабулгардидаро муҳокима карданд.
Масъалаҳои дигари мубрами соҳа, ба монанди ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи мақомоти андоз оид ба риояи қонунгузории соҳавӣ, табодули маълумот барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунии андоз, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳҳои самараноки фаолияти мақомоти андоз дар идомаи ҷаласа мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2018-2019 қабул карда шуд, ки таъмини иҷрои он ҳамкории мақомоти андозро беҳтар мегардонад.
Иштирокдорон қарор қабул намуданд, ки тибқи он, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019 дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе -«Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






