Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ муваффақона баргузор гардиданд

Август 12, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои намояндагон — хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ки санаи 10-11 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, бо тамошои мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор, боғҳои ангур дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба поён расиданд.

10-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагон — хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» пресс – тур ташкил карда шуд. Намояндагони агентиҳои иттилооти хориҷии номбурда низ дар ҳамоиши Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ оид ба сайёҳӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур 10-уми август таҳти раёсати Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғафорзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард. Дар кори ҷаласа масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ИДМ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда, густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои кишварҳои ИДМ, омода намудани хатсайрҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки танҳо дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 135 давлати ҷаҳон сайёҳон ташриф овардаанд, ки ин раванд аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун сарзамини дорои имконият ва захираҳои бойи туристӣ будани  кишварамон шаҳодат медиҳад.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз пеш бахши сайёҳӣ густариш меёбад.

«Далели  ин таъсиси сохтори соҳавӣ —  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии танзимкунандаи бахши сайёҳӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030 аз ҳамин қабил аст»,-зикр кард Адҳам Маъмурзода.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, беш аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ, 170 меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият доранд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ  замина мегузоранд.

Иштирокдорони ҷаласаи  навбатии Шӯрои  ИДМ  оид ба сайёҳӣ  маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории  кишварҳои ИДМ–ро  баррасӣ намуданд. Аз ҷумла,   иҷрои  нақшаи чорабиниҳо  барои солҳои  2018-2020 барои татбиқи  Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои  ИДМ дар соҳаи  сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020, рушди ташкили саёҳати  кӯдакону ҷавонон,  таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзо  дар самти омода намудани роҳбаладон, таҳкими  сохтори  интитутсионалии идоракунии бахши  туризм, ҳамзамон тадбирҳо  ҷиҳати тақвияти  ҷараёни интиқоли  сайёҳон  дар бозори дохилии сайёҳии кишварҳои ИДМ, талошҳо барои таҳияи  маҳсулоти туристӣ  ва пешкаши бозори сайёҳӣ гардонидани он матраҳ гардид.

Ҷонишини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Оққулов зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ба ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладоне, ки аз як давлат ба давлати дигар сайёҳонро ҳамроҳӣ менамоянд, бояд  маълумоти мухтасар дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ,  таърихӣ ва фарҳангӣ пешниҳод карда шавад. Агар ширкати сайёҳӣ ё роҳбалад дар бораи давлат, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ маълумот дошта бошад, муаррифии он давлат осон мешавад.

Директори Департаменти рушди сайёҳии Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан пешниҳод кард, ки  байни кишварҳои аъзои Шӯро барои омода намудани роҳбаладони ҳирфаӣ табодули таҷриба сурат гирад. Аз ҷумла, таҷрибаи давлатҳо дар самти омода намудани роҳбаладон омӯхта шавад ва ҷиҳатҳои мусбии кори онҳо дар кишварҳои дигари аъзо истифода гардад.

Новобаста аз он, ки чунин ҷаласа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал баргузор мегардад, иштирокдорон ба ташкил ва баргузории кори он баҳои баланд доданд.

Дар охир фаъолияти Шӯрои мазкур аз ҷониби иштирокдорон муҳим ва муфид арзёбӣ гардида, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор карда шавад.

Пас аз анҷоми ҷаласа, бегоҳии ҳамон рӯз роҳбарон ва намояндагони сохторҳои сайёҳии ИДМ ва намояндагон – рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии давлатҳои ИДМ аз маконҳои сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе — Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ,  «Кохи Наврӯз», бозори  «Меҳргон» боздид намуданд.

Намояндаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» рузноманигор Ирисмат Абдухолиқов аз тамошои мавзеъҳои гуногуни пойтахти тоҷикон ба ваҷд омада, иброз дошт, ки Душанбе воқеан зебо шудааст ва кас аз тамошои он ҳаловат мебарад: «Махсусан пайкараҳо дар Душанбе ба таври хеле зебо сохта шудаанд. Фикр мекунам, ки Душанбе дар санъати меъмории пайкараҳо метавонад бо шаҳри Санкт-Петербург рақобат кунад. Хусусияти пайкараҳои дар Душанбе қоматафрохта дар он аст, ки дар онҳо бузургиву шаҳомат таҷассум ёфтааст. Хайкали Исмоили Сомонӣ ва ду шере, ки паҳлӯи ӯ истодаанд, воқеан шаҳомату қудрати ин шоҳ ва шоҳигарии ӯро ба таври куллӣ таҷассум кардааст».

Субҳи 12-уми август роҳбарони вазорату кумитаҳои сайёҳии кишварҳои узви ИДМ якҷо бо журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сафар карданд. Зимни боздид аз ин макони тамошобоб меҳмонон бо таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошно шуда, бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст. Ҳангоми тамошои ин макони таърихиву сайёҳӣ оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

Журналистони ИДМ ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд.  Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.

Онҳо ҳамчунин аз нигораҳои Осорхонаи таърихии водии Ҳисор дидан карданд. Сайёҳон ҳамчунин бо сохтмон ва меъмории биноҳои Масҷиди сангӣ, Мақбараи Махсуми Аъзам аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Фурӯши армуғонҳои гуногун, зардӯзиҳо, тоқӣ ва рӯймолҳои дӯхти тоҷикона яке аз самтҳои дигари фаъолияти Қалъаи Ҳисор муаррифӣ карда шуд.

Бино ба гуфтаи директори Осорхонаи таърихии водии Ҳисор Зикрулло Ҷобиров танҳо дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонону сайёҳон аз Қалъаи Ҳисор боздид намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Директори Департамент оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан мулоҳизаҳои худро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуда, аз ҷумла гуфт: «Мундариҷаи маълумотномаи роҳбалади Қалъаи Ҳисор Акмал Ҳайдаров аз ҷиҳати таърихӣ хеле ҷолиб мебошад».

Ба меҳмонон тартиби қабулу гусели сайёҳон, пешниҳод намудани ҷойҳои истироҳатӣ, ҳамчунин намунаи ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Воқеан ҳам дар Қалъаи Ҳисор меҳмонон бо таърихи сеҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шуда, осори таърихии даврони Аморати Бухоро, Бекигариҳои Аморат дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, сарнавишти талхи Амир Олимхон, ки шаш моҳ дар Қалъаи Ҳисор иқомат карда, сипас ба Афғонистон фирор намудааст, шинос шуда, ғизои маънавӣ бардоштанд.

Баъдан меҳмонон аз боғҳои шаҳдбори ангур дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд. Таваҷҷуҳи журналистонро беш аз ҳама ангурбоғи деҳқони муътабари ҷумҳурӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», Неъматулло  Усмонов ҷалб намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар ҳудуди 100 гектар доман паҳн кардааст. Дар токзори хоҷагии деҳқонии мазкур ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш меёбанд. Ангурҳои боғи мазкур бо маззаву тамъ ва намуди чашмбар то моҳи декабр дар шохҳои ток нигоҳдорӣ мешаванд. Ғайр аз ин барои тару тоза нигоҳ доштани ангур дар ҳудуди ин хоҷагии деҳқонӣ сардхона барои 600 тонна маҳсулот сохта шудааст.

Дар баробари парвариши навъҳои гуногуни ангур деҳқонони Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ҳамчунин ба парвариши дарахтони гуногуни себ (12 намуд) ва гулҳои ороишӣ, ки аз минтақаҳои мухталифи олам оварда шудаанд, машғул аст.

Барои омӯхтани таҷрибаи истеҳсолии Неъматулло Усмонов дар ҳудуди хоҷагӣ филиали кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии факултети боғдории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият мекунад.

Журналистон, ки аз тамошои токзори Ҳоҷӣ Неъмат ба ваҷд омада буданд, ба роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бо саволҳои гуногун муроҷиат карда, ба хулосае омаданд, ки боғҳои Тоҷикистон, меваҳои шаҳдбори он, хусусан ангурҳои водии Ҳисор ҷузъе аз саноати сайёҳӣ мебошанд.

Шоми ҳамон рӯз меҳмонон ба шаҳри Душанбе баргашта, аз Кохи Наврӯз дидан карданд. Аз тамошои толорҳои Оинакорӣ, Зарандуд, Аржанг ва Дидор, ки кори дасти ҳунармандони моҳири тоҷик аст, меҳмонон ба ваҷд омада, ба ҳунармандони тоҷик аҳсант хонданд.

Бо ҳамин ҳамоиши дурӯзаи ҷаласаи Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои намояндагон-рӯзноманигорони давлатҳои ИДМ  ба анҷом расид. Меҳмонон Душанберо бо як ҷаҳон таассуроти нек тарк карданд.

Бояд тазаккур дод, ки рафти кори ҷаласаи мазкур ва пресс-тур дар расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид. Аз ҷумла, дар расонаҳои ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА», БЕЛТА бо истифода аз аксҳо ва наворҳои ҷолиб матлабҳои зиёд ба табъ расиданд.

 

Акрам САНГЗОДА,
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Август 12, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид