БОЗИҲОИ ОСИЁ : назаре ба таърихи онҳо. Қисми 2
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои якуми осиёӣ соли 1951 дар шаҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон бомуваффақият ба анҷом расиданд ва кишварҳои Осиё омодагиро ба Бозиҳои дуюми қитъа шурӯъ карданд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев саҳифаҳои таърихи ин бозиҳоро варақ мезанад.
Баъди 4 сол, соли 1954 Бозиҳои дуюми Осиёро пойтахти Филиппин-шаҳри Манила истиқбол гирифт. Агар дар Бозиҳои якум аз 11 давлати Қораи Осиё 489 варзишар иштирок карда бошанд, пас дар Бозиҳои дуюм ин адад ба 18 кишвар ва 970 варзишгар баробар шуд.
Давлатҳои Камбодия, Ҳонконг, Исроил, Малайя (Малайзия), Борнеои Шимолӣ, Покистон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва Ветнам ба оилаи варзишии Осиё ҳамроҳ шуданд ва варзишгаронашонро ба бозиҳо оварданд. Аммо аз чӣ бошад, ки давлатҳои Непал ва Эрон – иштирокчиёни нахустин бозиҳои Осиё дар соли 1951 ба Бозиҳои дуюм ҳозир нашуданд. Эрониҳо танҳо бо намояндагони расмии Кумитаи олимпиашон ташриф оварданд. Дар Бозиҳои якум варзишгарони Эрон бо 8 медали тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ миёни кишварҳо бо 15 маҷмӯи медалҳо мақоми сеюмро ба даст оварда буданд.
Бозиҳои дуюми Осиё аз 1-уми май оғоз гардида то 9 май идома ёфтанд. Расми ифтитоҳи бошукӯҳи он дар Маҷмааи варзиши ёдбуди Ризол дар Малати шаҳри Манила (Rizal Memorial Sports Complex) бо ҳузури 20 000 тамошобин барпо гардид ва Президенти онвақтаи Филиппин Рамон Магсайсай ( Ramon Magsaysay) ба Бозиҳо ҳусни оғоз бахшид.
Расми кушодашавии Бозиҳои дуюми Осиё аз пешинааш тафовут дошт. Бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар маросими кушодашавии бозиҳо эстафета бо машъал ва оташи олимпӣ истифода нагардиданд. Ба иттилои расонаҳо, он рамзи Бозиҳои олимпӣ дониста мешуд ва истифодаи онро дар Бозиҳои Осиё маъқул нашумориданд. Дуюм, ба ҷои медал ба ғолибону ҷоизадорон барои аз ҳамдигар фарқ кардан айнак медоданд (Аз ин усул ҳам баъдан даст кашиданд, зеро ҳеҷ чиз медалро иваз карда наметавонист).
Дар Бозиҳои дуюми осиёӣ варзишгарон аз рӯи 8 намуди варзиш, ки 10 маҷмӯи рақобатҳоро дар бар мегирифт, иштирок карданд. 57 медали тиллову нуқра ва 55 медали биринҷӣ ғолибону барандагони зинаҳои ифтихориро интизор буд.
Намудҳои варзиш
- Баскетбол
- Бокс
- Вазнбардорӣ
- Варзиши сабук
- Гӯштин
- Тирпаронӣ
- Футбол
- Намудҳои варзиши обӣ
- Шиноварӣ
- Ҷаҳиш ба об
- Тӯббозӣ дар об
Давлатҳои иштироккунанда

Аз ҳама варзишгарони зиёд дар Бозиҳои дуюми Осиё аз Филиппин (мизбони бозиҳо) буданд, ки 166 нафарро ташкил медоданд. Дар ин нишондод Япония (160) ва Хитой (140) дар зинаҳои минбаъда қарор доштанд.
Натиҷаи медалҳо дар Бозиҳои дуюми осиёӣ:











ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид






