БОЗИҲОИ ОСИЁ :назаре ба таърихи онҳо. Қисми 4
ДУШАНБЕ, 31.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1966. Дар тӯли чор соле, ки аз Бозиҳои осиёии соли 1962 паси сар шуд, дар сиёсати давлатҳои Осиё тағироти мусбӣ ба амал омад. Паҳлӯҳои сиёсии муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба варзиш таъсиргузор набуданд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи Бозиҳои осиёӣ ё худ Азиада идома медиҳад.
Таиланд, боз як кишвари зебою афсонавӣ мароқ зоҳир кард, ки Бозиҳои осиёии соли 1966-ро мизбонӣ кунад. Довталабони гузаронидани Бозиҳо дар он замоне, ки тараққиёту пешравӣ нисбатан сусттар буд ва маблағҳои калонро талаб мекард, кам буданд. Баъдан шаҳри Банкок-пойтахти Таиланд варзишгоҳҳое дошт, ки барои баргузории мусобиқоти сатҳи баланд ҷавобгӯ буданд.
Ба ҳамин тартиб Бозиҳои панҷуми осиёӣ аз 9 декабр то 20-уми декабри соли 1966 дар пойтахти Таиланд-шаҳри Банкок гузаронида шуданд. Шумораи рекордии варзишгарон, ки 1945 нафарро ташкил медод, ба мусобиқа омаданд. Ин навбат ягон монеаи сиёсӣ пеши роҳи иштироки варзишгарони Исроил ва Тайбейи Чинро гирифта натавонист. Мусобиқаҳо аз рӯи 14 намуди варзиш гузаронида шуданд. Бори аввал волейбол, ки намоишӣ буд, ба номгӯи бозиҳо ворид карда шуд.
Намудҳои варзиш
| · Варзиши сабук
· Баскетбол · Бокс · Велосипедронӣ · Чавгон · Футбол · Тирпарронӣ |
· Шиноварӣ
· Тенниси рӯи миз · Теннис · Волейбол · Вазнбардорӣ · Гӯштингирӣ |
Варзишгарони Япония аз нахустин Бозиҳои осиёӣ сар карда, пешсафиро аз даст намедоданд ва дар ҳама намудҳои варзиш ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегардиданд. Бозиҳои панҷуми осиёӣ низ истисно набуданд.
Натиҷаи Бозиҳои V-уми осиёӣ дар Таиланд



БОЗИҲОИ 6-УМИ ОСИЁ:
Кумитаи ташкилии Бозиҳои осиёӣ дар ҷаласи худ макони гузаронидани Бозиҳои 6-уми осиёиро дар Ҷумҳурии Корея муайян кард. Дастаҳо барои иштирок дар ин Бозиҳо омодагии пухта медиданд. То ин муддат панҷ кишвар мизбони Бозиҳои осиёӣ гардида буд, Ҳиндустон, Филиппин, Япония, Индонезия ва Таиланд. Шашумин Бозиҳои осиёиро қисмати норӯшан интизор буд. Ҷумҳурии Корея пеш аз оғози мусобиқа ба Кумитаи ташкилӣ дарак дод, ки аз нигоҳи молиявӣ ва вазъи сиёсӣ наметавонад Бозиҳои осиёии шашумро дар кишвараш барпо кунад. Аз хатару таҳдиди Кореяи Шимолӣ Кореяи Ҷанубӣ ҳарос дошт ва ба амнияти варзишгарон кафолат дода наметавонист. Аммо роҳи ҳалли ин масъала пайдо шуд. Дубора гузаронидани ин мусобиқа ба Таиланд вогузор гардид. Масъалаи маблағгузориро Кореяи Ҷанубӣ ба дӯши худ гирифт.
Таиланд тақрибан барномаи гузаронидани Бозиҳои 6-умро нисбат ба Бозиҳои 5-ум тағйир надод. Боз аз 9-уми декабр то 20-уми декабр вақти гузаронидани Бозиҳо муқаррар шуд.
Ба Бозиҳои шашуми осиёӣ 2400 варзишгар бо намояндагии 18 кишвар ширкат варзид. Ба барнома боз як намуди варзиш, қаиқронии бодбондор (Sailing) илова шуд.
Мисли Бозиҳои осиёии пешина боз Япония пешсафиро аз даст надода дар шумораи медалҳо мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт.

Натиҷаҳои давлатҳои Осиё дар Бозиҳои 6-уми Осиё


Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






