Дар минтақаи Рашт ба 2 ҳазору 884 нафар ронанда барои вайрон намудани меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи нақлиёт ҷарима таъйин гардид
РАШТ, 08.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт дар 7 моҳи соли равон нисбат ба 2 ҳазору 884 нафар ронандагон, ки қонунгузориҳои соҳаи нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд, ки маблағи ҷаримаи онҳо 399 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт Султонмурод Одинаев мушкилоти асосӣ дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар минтақа аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қойдаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад, ки то имрӯз 2 ҳазору 322 нафар бо риоя накардани талаботҳои моддаҳои 322, 323, ва 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт бо 11 адад терминалҳои мусофиркашонӣ ҳамкорӣ дошта, дар соли равон ба 15 ҳазору 319 нафар ронанда роҳхат додаанд, ки аз ин 2 ҳазору 989 нафар ронандаи автомобилҳои боркаш ва 4 ҳазору 195 нафар ронандагони микроавтобусҳо мебошанд.








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






