«ҲЕҶ ГУНА САДҲОИ ТАЪРИХ ВА МАРЗҲОИ ҶУДОӢ НАМЕТАВОНАНД МОРО БА ҲАМ БЕГОНА СОЗАНД!». Сафаргуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз кишвари Ӯзбекистони бародар

Август 6, 2018 18:27

ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафари Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба кишвари Ӯзбекистони бародар, ки аз 1 то 4  августи соли  равон  идома дошт, намунаи баланди ҳамҷаворӣ, ҳамдилӣ ва муҳаббати халқҳои тоҷику ӯзбек гардид. Ин ду халқи  дӯсту бародар, ки асрҳои аср  дар як сарзамини куҳанбунёд ва соҳибтамаддун бар ба бар бо ҳам зиндагӣ доранд,  чунон пайванди хешутаборӣ  гирифтаанд, ки ҳеҷ гуна садҳои таърих ва марзҳои ҷудоӣ наметавонанд онҳоро бегона ба ҳам созанд.

Рӯҳияи дӯстиву ҳавои муҳаббат ин ҳайатро аз нахустин баҳамоии он дар пойтахти ватанамон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии ёвари Президенти муҳтарамамон Абдуҷаббор Раҳмонзода фаро гирифта буд.  Ин рӯҳия дар пазироии ин ҳайат аз ҷониби аҳли Хуҷанди бостонӣ ва гусели он дар марзҳои кишвар идома ёфта, бо изҳори хушнудӣ ва истиқболи  оғӯши гарму пурмуҳаббати бародарона дар сарҳади Ӯзбекистон, ки бо садои карнаю сурной ва суруду рақс оғоз ёфт, то охирин лаҳза — гусели ҳайат дар марзи сарҳади Самарқанду Панҷакенти бостонӣ идома дошт. Ҳайати дӯстиро, ки таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баргузор гардид,  дар тӯли сафар эҳсосоти баланди дӯстӣ ва муҳаббат раҳнамо буд.

Воқеан боздидҳо ва мулоқотҳои  тарҳрезишуда нишон доданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек ва дӯстии онҳо ду боли як мурғи баландпарвоз аст, ки дар як ҳаво – ҳавои беғубори дӯстӣ парафшонӣ мекунад. Ин мулоқотҳо гувоҳи он буданд, ки мо воқеан ташнаи дидор, сухану ҳунари ноби  ҳамдигар ҳастем.

Ҳайати Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони ҷамъиятиву сиёсӣ ва ходимони фарҳанг ба ҳам омада буд. Ҳузури адибони номдор ва ҳунармандони варзидаи  ҷумҳурӣ ба ин ҳайат шукӯҳи хоса мебахшид.

Ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳои пойтахти Ӯзбекистон  ҳотели байналмиллалии «Тошканд»  ҷойгир шуда, дар ин шаҳри бостонӣ мувофиқи барномаи аз ҷониби мизбонон тарҳрезишуда аз зиёрати  маҷмааи  хеле дидании «Ҳазрати Имом» оғоз гардид. Ҷолибтарин падида дар ин маҷмаа он аст, ки дар осорхонаи он нусхаи аслии Қуръони усмонӣ, ки дар асри 7 китобат шудааст, маҳфуз аст ва ба меҳмонон нишон дода шуд. Воқеан нусхаи асил будани ин китоби муқаддас аз ҷониби экспертизаи байналмиллалӣ эътироф ва тасдиқ гардидааст. Ин нусхаро Амир Темури ҷаҳонгир пас аз муҳорибаҳо дар кишварҳои араб ба Самарқанд овардааст, ки имрӯз дар ин осорхона ба  маърази намоиш гузоштаанд.

Сипас  ҳайати Тоҷикистон аз Қасри форумҳои Ӯзбекистон  ва  Хиёбони адибон дидан намуд. Дар толори ба тариқи сохтмони муосир сохташудаи Хиёбони адибон маҳфили ширу шакар, яъне суҳбату шеърхониҳои адибони ҳарду ҷониб ба ду забон сурат гирифт, ки дар рӯҳияи эҳтиром ва эътирофи фарҳанг ва адабиёти ҳамдигар  барпо гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид аз хусуси дӯстӣ ва муносибатҳои устодиву шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ суханҳои  самимона гуфта, адибони имрӯзиро даъват кард, ки суннати неки гуаштагонро пос доштаву идома бахшанд.

Дар рӯзи дуюми сафар ҳайати дӯстии  Тоҷикистон дар толори ба номи  «Амир Темур» – и меҳмонхонаи байналмиллалии «Тошканд»  дар атрофи  мизи гирд  мусоҳибаи намояндагони ҷамъиятиву сиёсӣ ва ходимони фарҳанги ҳарду ҷониб таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев доир шуд. Ин нишаст, ки дар он  шахсиятҳои варзидаи сиёсат, илму адаб ва  фарҳанги ҳарду ҷониб иштирок ва суханронӣ  доштанд, бо намоиши филми хеле таъсирбахши  «Дар зери осмони соф»  оғоз гардид, ки воқеан тараннум ва таҷассуми зебо ва ҳунармандонаи дӯстии халқҳои мо буда, наворҳову далелҳои овардашуда эҳсоси дӯстиву бародарӣ ва ҳамҷавориро дар ҳар бинанда ангезиши тоза мебахшад. Суханрониҳои ходимони сиёсӣ ва олимону адибони ҳарду ҷониб гувоҳи он буданд, ки  ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳо дар соҳаҳои мухталифу илму фарҳанг ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.

Сипас ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба се гурӯҳ тақсим гардида, аз Телевизиони миллии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллӣ ва Академияи улуми кишвари ҳамсоя боздиди самаранок ба амал оварданд.

Маълум гардид, ки дар китобхонаи миллии Ӯзбекистон 7  миллиону  800  нусха китоб, аз ҷумла,  1 саду 3 ҳазор дастнависҳои нодир маҳфузанд.  Ҷолиб он буд, ки ҳангоми боздиди мо тамоми толорҳои хониши китобхона пур аз хонандагон буданд ва дар баъзе мавридҳо муштариён ҷой наёфта, рост истода ва ё дар рӯи фаршҳо нишаста машғули мутолиа ва бардоштҳо буданд. Маълум шуд, ки  дар як рӯз 2  ҳазор 500  муштарӣ ба китобхона меояд. Дар китобхонаи  мазкур 136 нафар кор мекунанд ва  он  ба 75 забони дунё китоб дорад, ки ба тариқи электронӣ низ дастраси муштариён  мегардад. Ҳамчунин дар  китобхона 3 миллион корҳои илмӣ дастраси муштариён аст. Китобхнаи миллии Ӯзбекистон бо 30 кишвари дунё робитаи ҳамкорӣ дошта, худ соҳиби чопхона буда, ба интишори китобҳо низ машғул аст.

Дар яке аз толорҳои Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бо иштироки адибони ҳарду ҷониб маҳфили адабӣ ороста шуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар он Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Камол Насрулло, Нависандагони халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва Абдулҳамиди Самад суханронӣ карданд. Дар ин маҳфил адибони тоҷику ӯзбек аз хусуси ҳамкории тоза ва тарҷумаи асарҳои ҳамдигар аҳдҳо баставу нақшаҳо оростанд.

Дар шаҳри Тошканд қабули ҳайати дӯстӣ аз ҷониби Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев хеле дилпазир ва хотирмон буд. Дар ин пазироӣ беҳтарин ҳунармандони ҳарду кишвар доди ҳунар доданд. Ҷолиб он ҷиҳат буд, ки  қариб  80 фоизи  сурудҳои сурудашуда аз ҷониби ҳунармандони ӯзбек ба ифтихори меҳмонон ба забони тоҷикӣ садо доданд. Дар ин пазироӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва  Адҳам Холиқов сатҳи баланди ҳунарии санъаткорони моро нишон доданд. Аз ҷониби Ӯзбекистон низ қариб ҳама сурудҳо дар сатҳи баланд буданд, хусусан, ҳунарнамоии ҳунарпешагони номдори ӯзбек Шералӣ Ҷӯрев, Ғуломҷон Ёқубов ва Озодбек Назарбеков шоистаи таъриф буд. Озодбек Назарбеков  муовини вазири фарҳанги Ӯзбекистон буда, ҳамон сарояндаест, ки дар консерти «Шоми дӯстӣ», ки дар Душабе бо ҳузури Сарварони ҳарду кишвар баргузор гардид, суруди «Чун кунам»-ро бар матни Мавлоно Ҷомӣ суруда,  ҳамаро мафтун карда буд.  Номбурда аз оғози истиқболи ҳайати Тоҷикистон дар сарҳади Ойбек то мариди гусел дар марзҳои Самарқанду Панҷакент тамоми рӯзҳои сафар ҳайати моро меҳмоннавозона раҳнамоӣ мекард.  Дар пазироие, ки сухан аз он рафт, ҳунапешаи маъруфи ӯзбек Шералӣ Ҷӯраев  бо сабки хосаву нотакрор, бо сурудани суруҳо ба тариқи ширу шакар-тоҷикиву ӯзбекӣ ҳамаро мафтун сохт. Хусусан суруди машҳури «Эй сорбон» бар матни Шайх Саъдӣ бо услуби хоса хеле ҷолиб ба иҷро расид.

Сафари ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд идома ёфт. Моро  дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд бо нону намак, гулдастаҳо, карнаю сурнои суннатӣ ва суруду рақс пешвоз гирифтанд. Худи ҳамон рӯз, дар рӯзи сеюми сафар ҳайат дар меҳмонхонаи  «Регистон»  ҷойгир шуда, мувофиқи барнома ба зиёрати маҷмааи мазори Ҳазрат Хизр шитофта, аз мавзолеи аввалин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов боздид ба амал овард. Сипас аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар пояи муҷассамаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гулчанбарҳо гузошта шуд.

Мулоқот бо аҳли адаб ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии вилояти Самарқанд дар толори Ҳукумати вилоят низ бо суҳбат ва шеърхонии адибони  ӯзбек Хосият Бобомуродова, Эркин Қаландаров, Тошпӯлод Туганов раиси шуъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зоир Ҳасанзода, доктори илми филология Ҷумъа Ҳамроҳ, ҳунарпешаи номдор Мардон Мавлон ва адибони тоҷик Аскар Ҳаким, Зулфия Атоӣ, Камол Насрулло ва дигарон  самимона сурат гирифт.

Боздид аз маҷмааи таърихии мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорон  ва Шердор ва тамошои намоиши бисёр ҷолиби навори филм-шоуи таърихӣ дар майдони  «Регистон»  хеле бошукӯҳ ва хотирмон буд.

Сафари ҳайати Тоҷикистон дар рӯзи чаҳорум бо зиёрат ва тамошои хона музеи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд поён ёфт. Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо хона музеи устод аз нав тармим ёфтаву обод гардидааст ва ҳамеша дараш ба рӯи мардум боз аст.  Ва ҷолибтару хурсандибахш он аст, ки дар ин ҷо ҳама асбобҳои рӯзгори он замонаи устод Айнӣ, аз мизи корӣ то сандалӣ, ҷевону кати хоб ва китобҳои устод дар ҷевонҳо маҳфуз мондаанд ва ба бинанда таасурот ва эҳсоси фаромӯшношуданӣ мебахшанд.

Истиқболу пазироии самимона ва гарми бародарони ӯзбекистонӣ бо гусели самимонаву пурэҳсос ба анҷом расид. Баъд аз ин сафар як эҳсоси сипосу миннатдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарварони ҳарду кишвар касро фаро мегирад.

Мисли як китоб, як қаср, як вуҷуд ва як дил наметавон халқҳои моро, ки ба ҳукми тақдир   бо ҳам омехта шудаанд, аз ҳам ҷудо кард. Бигзор ҳамеша дарвозаҳои меҳру муҳаббат ва дӯстиву бародарӣ ба рӯи халқҳои бародару ҳамҷавор — тоҷикону ӯзбекон боз бошад. Зеро наметавон падарро аз писар, хоҳарро аз бародар ҷудо кард. Бигзор аз ин дарвозаҳои ба рӯи ҳамдигар бози кишварҳои мо насими серуни дӯстӣ вазад ва корвони муҳаббат ҳамеша бемамониат убур намояд. Ва чунон ки устод Турсунзода фармудаанд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи  сахт.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»   

Август 6, 2018 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд