«ЛОЗУРКӮҲ». Рустам Ваҳҳобзода асари худро ба сурати достони ғиноӣ пешкаши хонандагон намуд, ки дар он аз тақдири пиряхҳо сухан меравад…
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», шоир Рустам Ваҳҳобзода асари худ «Лозуркӯҳ»-ро дар таҳрири нав ва ба сурати достони ғиноӣ манзури хонандагон намуд. Дар ин достон аз тақдири лозур – пиряхҳо сухан меравад ва шоир бо зикри хатарҳои азими табиӣ ва маънавӣ таъкид менамояд, ки исрофкориҳои бани башар боис шуда, то лозурҳо — рамзи захираҳои оби ҳаёти сайёра ба нобудӣ раванд.
Дар соли эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 эҷод шудани достони «Лозуркӯҳ» беҳуда нест ва он маҳсули илҳом аз иқдомҳои ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО бо Рустам Ваҳҳобзода суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Чӣ шуморо такон дод, то ин достонро эҷод намоед?
Рустам Ваҳҳобзода: Ин асар дар сурати манзума соли 2009 бо номи «Лозуркӯҳ» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуд. Сипас, соли 2012 ба шакли такмилшуда дар «Садои Шарқ» ба табъ расид. Соли 2015 боз бо таҳрири нав дар маҷмӯаи шеъри «Салом» ҷой ёфт. Имсол ба сурати достони ғиноӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» рӯи чоп омад ва чанд банду боб ба он изофа шуд. Сабаби ба такрор рӯи ин асар кор кардан дар он аст, ки соли 2009 вақте ки ба сурати манзумаи алоҳида дар «Адабиёт ва санъат» рӯйи чоп омад, бисёриҳо эрод гирифтанд, ки магар ях ва пирях метавонад мавзӯи шеъру манзума шавад.
Солҳои зиёд рӯйи ин мавзӯъ мутолиаву таҳқиқот доштам ва мақолаҳо навиштам. Ман дар минтақаи пиряхҳо –лозурҳо зода ва ба воя расидаам. Ҳар сол аз онҳо хабар мегирам ва чун коҳиши бошиддати лозурҳоро мебинам, ба изтироб меафтам. Аз ин сабаб сари ин масъала кор карда, мақолаҳо ҳам навиштаам.
Манзумаи мазкур як асари комилан илҳомӣ аст. Он маҳсули изтироб ва ҳаяҷони дохилии ман аст, ки аз мушоҳидаи ин ҷараён ба вуҷуд омадааст. Оқибатҳои нохуши онро мо бо чашми худ дидем. Ду сол пеш пораи бузурге аз пиряхҳо канда шуда, қариб буд деҳаи моро хароб кунад. Ин ҷараёни харобиоварро, ки неъматҳои ҳаётбахш ба мушкилот табдил мешаванд, мо бо чашмони худ мебинем. Омилҳои пешгирӣ ва дурӣ аз ин ҳодисаҳоро ҷустуҷӯ кардан, ин неъматҳои бебадалро ҳифз намудан яке аз ангезаҳои ба миён омадани ин асар шуд. Ба фазли иттифоқ ин ҷустуҷӯҳо мутаносиб бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъ гардид.
Вақте имсол шакли такмилшудаи ин асари манзумро чоп кардам, итминони комил доштам, ки ҳеҷ хонанда ба он эрод нахоҳад гирифт. Чунки бо воситаи шарҳу тафсири мубрамии ин масъала аз тарафи расонаҳо мардум аллакай зарурати эҷод дар ин мавзӯъро дарк карданд.
АМИТ «Ховар»: Дар достон омадааст, ки ба инсоният ду хатар- табиӣ ва маънавӣ таҳдид мекунад. Хатари кадоме аз инҳо бештар аст?
Рустам Ваҳҳобзода: Ба инсон ҳам хатари маънавӣ ва ҳам табиӣ баробар таъсир мерасонанд. Дар як мақолаи муфассали дигар бо номи «Наврӯз ҷашни инсоният аст» аз ҷаҳоншиносии муосир бо номи «ноосфера» (хирадмуҳит) суҳбат намудем, ки он навтарин назарияи ҷаҳоншиносии имрӯз маҳсуб мешавад. Эътиқоди пайравони ин назария чунин аст, ки ҷаҳони физикӣ ва берунии моро ҷаҳони маънавии мо месозад. Тарроҳони ин назария ва пайравони он аксар намояндагони илмҳои табиӣ ва дақиқ мебошанд, на касоне, ки навъи тафаккурашон ба хаёлпардозӣ муносибат дорад.
Ин ба назариёти мавҷуд дар адабиёт ва фалсафаи қадими мо ҳамсон мебошад. Яъне ният, ирода ва рафтори инсонҳо на танҳо ба ҷомеаи инсон таъсиргузор аст, балки ба муҳите, ки онҳо зиндагӣ мекунанд — обу ҳаво, тағйири иқлим таъсир мерасонад. Амал ва рафтори инсонҳо, ки дар сурати истеҳсолот, тавлидот ва ҳаракату тараддуд амалӣ мешавад, ба муҳит таъсир дорад. Беш аз ин пайравони ин назария зътиқод доранд, ки ҳатто ниятҳо ва андешаҳо низ чунин таъсир дошта метавонанд.
Дар қабати озонии атмосфера аз партовҳои зиёди оташзо сурохҳо ба вуҷуд омадаанд ва ин дар пай хатарҳо дорад. Аз бухорҳои аз ҳад зиёди ғализ дар зери атмосфера қабате пайдо шудааст, ки чархиши табиии об дар кайҳонро маҳдуд месозад ва падидае мисли фазои гармхона (парник) дар тамоми сайёра ба вуҷуд меояд. Ҷангалҳои азим худ ба худ оташ мегиранд. Аз ин рӯ, пайравони ҳаракатҳои ҷаҳонии «сабз» имрӯз неруи азимеро дар ҷаҳон ташкил кардаанд, ки бар зидди сабқатҳои мусаллаҳшавии бошитоб ва тавлидоти береҷаи корхонаҳои саноатӣ мубориза мебаранд.
Ин ҳама иқдомҳо, аз ҷумла баҳри пешгирии коҳиши шадиди манбаъҳои об — яхҳои бузург ва обҳои хуфта – лозурҳо мебошад. Албатта, мутахассисон дар маҷмӯъ мегӯянд, ки ҷараёни гармои ҷаҳониро башар пешгирӣ карда наметавонад, вале хисороти онро метавонад камтар намояд. Яке аз роҳҳои аслӣ парҳез аз исроф дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Агар ба фалсафаи сарфакорие, ки дар фарҳанг, таълимоти суннатӣ ва эътиқодии мо ҳаст, рӯ орем, аз ин мушкилот бисёраш ҳал мешавад.
Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон борҳо таъкид кардаанд, ки дар Тоҷикистон иқтисоди сабз ҳоким аст. Мо тавлидоте надорем, ки муҳитро олуда ва касиф карда, ба фазо таъсир гузорад. Вале хисороти дигаронро мо медиҳем. Он дудҳое, ки аз манораҳои саноатии ҷаҳон раҳо мешаванд, ҳалқаи онҳо ба гардани кӯҳҳо меафтад ва пиряхҳо гудохта мешаванд. Барои мисол, метавон аз баландтарин қуллаи Шведсия ёдовар шуд, ки аслан ях аст ва 4 метр паст фаромадааст. Ҳатто мо таркиши яхҳои Антарктидаро мушоҳида менамоем. Инсон метавонад бо сарфакорӣ ва парҳез партови олудакунандаи муҳитро коҳиш диҳад.
АМИТ «Ховар»: Чаро ин таҳдидҳоро роҳбарони давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафта нодида мегиранд?
Рустам Ваҳҳобзода: Мутаассифона, имрӯз роҳбарони корхонаҳои саноатии кишварҳои ҷаҳон, ки бо партовҳо аз ҳад беш муҳитро олуда мекунанд, гирифтори сабқати ҷунуномез шудаанд. Онҳо як лаҳза таваққуф ва кам кардани суръатро дар муқобили дигарон барои худ нобудӣ медонанд. Онҳо ба рақобате гирифтор шудаанд, ки он дар ниҳоят сари ҳамаро ба санги нобудӣ бурда мезанад. Мутаассифона, имрӯз башар дар банди тилисме афтодааст, ки онро исроф меноманд. Исрофро имрӯз чун тараққиёт, пешрафт ва комёбӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд:
Ҳайфо, ҷигари ту об мегардад,
Дар оташи ҳирсу ози оламхор.
Сӯи ту ҳамехазад зи ҳар кӯе
Оташнафас аждаҳои истеъмор.
Ҳар дуд, ки аз манораҳои оз,
Мепечад сӯи гунбади гардун,
Чун ҳалқа ба гардани ту меафтад,
Гӯё ки ту вомдорӣ аз ҳар дун.
АМИТ «Ховар»: Вақте Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба аз мушкили норасоии оби ошомиданӣ сухан ронданд, гӯё «ҷаҳон ғофил буд». Пас аз он ки Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилот ҷалб карданд, маълум шуд, ки бисёре аз мушкилиҳо аз чашм пинҳон будаанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дарк кардааст, ки проблемаи норасоии об мушкили глобалӣ аст. Метавон гуфт, ки дар самти ҳалли мушкили норасоии об Тоҷикистон ва Пешвои он сухани аввалро мегӯянд…
Рустам Ваҳҳобзода: Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки дар мавзӯи барои башар тақдирсоз Тоҷикистон ва роҳбарияти он имрӯз аз минбари ҷаҳонӣ сухани аввалро мегӯянд. Ҳарфи аввале, ки як замоне онро дар Авасто гуфта мешуд, як замоне дар шеъри Саъдӣ садо медод. Тоҷикистон иттифоқан бо он хазинаи маънавие, ки дошт дубора дар арса ҳозир шуд. Ин дар аввал сода менамояд, вале баъд аз солҳо ин мавқеи Тоҷикистон ва аҳамияти ҷаҳонии он барои мо боиси ифтихор боқӣ мемонад.
АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳо бештар захираи оби тоза дорад, аммо сабаби таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба мушкили об дар чӣ аст? Ё тавре Шумо менависед:
«…Сад рӯди дуруд мо равон дорем,
Сарҷӯйи бузург аз осмон дорем.
Мо ташна найему оташе дар ҷон
Аз сӯзиши ҷони ташнагон дорем».
Ин буд суруши даъвати ҷовид,
Ин буд паёми раҳмати Эзид.
Ин буд насими Ҷӯйи Мулиён,
Ҷайҳун ба сухан шуду ҷаҳон бишнид…
Рустам Ваҳҳобзода: Тоҷикистон дар давоми солҳо аз тарафи гурӯҳҳое гунаҳгор карда мешуд, ки гӯё монеи таъмини оби дигарон мешавад. Бо ин восита шояд неруҳое мехостанд, ки мудирияти обҳои Тоҷикистонро ба дасти худ гиранд. Аз ҷониби Тоҷикистон ин на танҳо як иқдоми башардӯстона, балки як муваффақияти дурахшони дипломатия низ буд. Ба туфайли дурандешии Пешвои миллат давлати Тоҷикистон на танҳо аз ин бунбасти иттиҳомот пок ва сарбаланд баромад, балки ташаббуси мудирияти обҳои минтақавиро бо ҳаққи комили маънавӣ ба дасти худ гирифт. Бояд гуфт, ки ин махсус барои судҷӯӣ набуд. Ин аз иродаи неке буд ва исбот намуд, ки давлату миллати Тоҷикистон ягон ҳамсояро бе об намемонад ва кӯшиш мекунад, ки бо он захираҳои обие, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, таъмин намояд.
АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки эҷод дар мавзӯи иҷтимоӣ чӣ вижагӣ дорад?
Рустам Ваҳҳобзода: Мавзӯъҳои иҷтимоӣ сутунмуҳраи адабиёти ҳар миллат буда, ҳар замонеро ташкил медиҳанд ва вижагии онҳо пайванди маҳками сарнавишт, саргузашт, эҳсосот ва тафаккури адиб бо таърих ва воқеияти рӯзгори худаш мебошад. Имрӯз шеърҳое, ки ба масъалаи иҷтимоӣ бахшида шудааст, аксаран аз тарафи ҷомеа хуб истиқбол мешавад.
Мо ҳоло хонандагони огоҳ дорем. Аз ҷумла, дар ин асар ман бо кӯҳҳо рӯ ба рӯ мешавам, ҳамчун як инсон гуфтугӯ мекунам, онҳоро ҳамчун инсон мебинам, ки баёни муҳаббат ва эҳсоси ман нисбат ба хоки меҳан ва кӯҳҳову лозурҳои он аст. Инҳо дар назари ман зинда ҳастанд ва умед дорам, ки дар назари хонанда низ чунин менамояд. Онҳо дар зеҳни ман чун мавҷудоти зинда тасаввур ва тасвир мешаванд. Мавҷуде, ки саршор аз меҳр, муҳаббат ва андӯҳ ҳастанд.
Мавзӯъҳои иҷтимоиро дар зеҳни хонанда метавон ҷой кард. Муҳим садоқат ба ҳадаф доштан, онро бидуни сохтакорӣ, бо шинохт ва асолати он ба тасвир кашидан, нисбат ба он самимият ва маърифат доштан аст. Бояд дар асари эҷодшуда ин чизҳо эҳсос шавад.
Мавзӯъҳои иҷтимоӣ ба таври содиқона бояд аз қалб, эҳсосот, андеша ҷӯшида худи шуморо ба ҳаяҷон оварда бошад. Шуморо ба андеша водор кунад ва шумо он суханро бо ҳаяҷон гӯед. Яъне зарурати тарҳ ва шарҳи он суханро дар вуҷуди худ эҳсос кунед. Баъд ба дигарон бояд интиқол диҳед ва он гоҳ дар муваффақияти он шакке нест. Хушбахтона, имрӯз ҳам адибони ҷавон ва адибони ботаҷрибаи мо силсилае аз осори манзуми иҷтимоиро ба вуҷуд овардаанд ва назми асили иҷтимоӣ дар адабиёти мо рӯз аз рӯз мисли солҳои пешин қавитар мешавад.
Тоҷикистони моро 93% кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳамаи тоҷикистониён кӯҳистонӣ ва кӯҳдоманӣ ҳастанд ва ҳамаи онҳо бо ин манзараҳо ошно ҳастанд. Вале муҳим ин аст, ки ҳамон эҳсос ва иртиботи маънавии худро бо самимият ва огоҳии ҳарчи бештар инъикос намоем.