ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, панҷшанбе, 214-умин рӯзи соли 2018 аст

Август 2, 2018 08:00

 

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

***

5 сол пеш, 2 августи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла зикр намуданд: «Мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи кишварҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

2 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.

***

Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Гаяна – Рӯзи озодӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

2 августи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як Фармони худ иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумро даъват намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии он пешниҳод карданд.

***

2 августи соли  2006  дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги Ишкошими ВМКБ дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон бозори наздисарҳадӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти дуҷониба ифтитоҳ гардид.

***

227 сол муқаддам, 2 августи соли 1791 Самуэл Бригс ва писараш  барои сохтани дастгоҳи истеҳсоли мех патент ба даст оварданд.

***

2 августи соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мубодилаи номаи ёддошт сурат гирифта, ИМА омодагии худро барои ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг кумак расонидан баён дошт.

***

2 августи соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии СММ таъсис дода шуд.

***

2 августи соли 1993 Грузия рублро бекор карда, купони худро ба муомилот баровард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони ИМА қуттии почта насб гардид.

***

Соли 1937 дар Олмон калонтарин хор дар таърихи башарият суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Август 2, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш