ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
31 августи соли 1991 ҶШС Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
***
8 сол пеш, 31 августи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.
31 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Молдавия – Рӯзи миллии забон.
***
Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
31 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суханронӣ намуданд.
***
31 августи соли 2010 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки то 10 сентябри соли 2010 пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Инак 8 сол мешавад, ки ин пулҳо дар муомилот қарор доранд.
***
31 августи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маҷмааи муҳташами варзишӣ ба истифода дода шуд.
***
31 августи соли 1994 хуруҷи неруҳои ҳарбии Россия аз Германия ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1913 дар Голландия клуби футболи «ПСВ» таъсис ёфт.
***
31 августи соли 1919 дар Ирландия сензураи матбуот бекор карда шуд.
***
31 августи соли 1975 Фонди байналмилалии асъор қарор қабул намуд, ки тибқи он барои ҳисобҳои пулии байналмилалӣ пардохт намудани тилло рад карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Соли 1920 корхонаи «Красное Сормово» аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намуди танки М («Русский Рено»)- ро истеҳсол кард.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






