ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, сешанбе, 219-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
7 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд. Осорхонаи мазкур имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги кишвар табдил ёфтааст.
***
7 сол пеш, 7 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуданд.
7 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Кот-д’Ивуар- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Карибати – Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи меҳнат.
РӮЙДОДҲО:
7 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
***
160 сол муқаддам, 7 августи соли 1858 шоҳзодаи Англис Виктория шаҳри Оттаваро ҳамчун пойтахти Канада эълон кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1954 Конвенсияи Гаага «Оид ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ» ҳангоми амалиёти мусаллаҳона мавриди амал қарор дода шуд.
***
7 августи соли 1954 Конвенсияи Гаага дар бораи ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба ҳукми амал даромад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 моҳвораи Explorer VI –и Америка аввалин маротиба расми худро аз космос ба замин равон кард.
***
Соли 1970 аввалин мусобиқаи шоҳмот ба воситаи компютер гузаронида шуд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






