ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад

Сентябрь 11, 2018 17:24

ДУШАНБЕ, 11.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ноҳияи дурдасти Мурғоб низ корҳои ободонию созандагӣ муваффақона идома доранд. Аз ҷумла, таҷдиди неругоҳи барқи обии «Оқ-Су», ки арзиши лоиҳавиаш 8 млн 600 ҳазор евро мебошад, дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Тавре сардори Раёсати молияи ноҳияи Мурғоби ВМКБ Эрназар Сатoров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, сохтмони НБО-и нав барои ноҳияи Мурғоб ҳамчун иншооти таърихӣ маҳсуб мегардад ва орзуи чандинсолаи аҳолии он буд.

Ба иттилои номбурда, ба ғайр аз ин, якчанд иншооти муҳими давлатӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб бевосита мусоидат менамоянд, ба муносибати ин иди бузурги миллӣ ба истифода дода мешаванд.

Аз  ҷумла, сохтмонҳои бинои маъмурии дуошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо арзиши лоиҳавии 13 млн. 416 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо арзиши лоиҳавии 1 млн. 980 ҳазор сомонӣ, бинои толори варзишӣ барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар маркази ноҳия бо арзиши лоиҳавии 1 млн. 450 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии дуошёнаи гумруки ноҳия бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ, фабрикаи тозакунии маъдан ва партовгоҳ барои истихроҷи кони нуқраи Ақҷилға бо арзиши лоиҳавии 12 млн. 880 ҳазору 500 долл. америкоӣ ва меҳмонхона бо арзиши лоиҳавии 160 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 — 2020 қабул гардида, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дуюмин барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебошад, ки қаблан низ чунин барнома барои солҳои 2005 — 2010 қабул гардида, пурра амалӣ шуда буд.

«То 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 — 2020 ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад. Дар қатори ин, якчанд корхонаҳои саноатӣ ва хизматию маишӣ ба кор шурӯъ намуда, ҷойи кори доимӣ барои аҳолии ноҳия фароҳам омада, дар маҷмӯъ, ин ҳама омили зиёд шудани қисми даромади буҷети ноҳия мегардад»,-гуфт сардори Раёсати молияи ноҳияи Мурғоби ВМКБ Эрназар Сатoров.

Сентябрь 11, 2018 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд