«ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР…». Сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рафтори ҲНИ-ро маҳкум мекунанд

Сентябрь 17, 2018 10:48

РАШТ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории  нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо   дар шаҳри  Варшаваи Полша ва суханрониҳои раиси Ҳизби мамнуъи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, инчунин баромадҳои дигар фаъолону сарони ТЭТ ҲНИ бори дигар нишон медиҳанд, ки душманони давлату миллати мо ва хоҷагони хориҷиашон ҳанӯз ҳам баҳри ба ваҳдати миллии мо рахна эҷод кардан ва бадном намудани давлати озоду ҳуқуқбунёди мо саъю талош доранд.

Дар робита ба ин аз номи сокинони ноҳияи Рашт ба АМИТ “Ховар”  муроҷиатнома расид, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

“Фаъолони ТЭТ ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурда буданд, ҳоло ҳам барои туҳмат намудани Ҳукумати Тоҷикистон ва бегуноҳ нишон додани худ аз ҳар як фурсати муносиб истифода бурдан мехоҳанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷ аз кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд ба сохти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол рахна ворид намуда, кишварро дигарбора ба ҷанг кашида, ақидаҳои нопоки худро ба сари мардум таҳмил намоянд.

Ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ  хуб огоҳанд, ки  ин наҳзатиҳо на ба хотири фаъолияти сиёсӣ, балки маҳз барои даст доштан дар ҷиноятҳои террористию экстремистӣ аз тарафи ҷомеаи маданию фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон маҳкум гардида буданд.

Аҳолии Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки мақсади нафарони дар атрофи Кабирӣ  ҷамъшуда танҳо ба хотири ба даст овардани сармоя мебошад.   Шармсор гаштани Кабирӣ ва пайравонаш дар ҷаласаи навбатии САҲА гувоҳи он аст, ки ӯ дар ягон маснад садрнишин нахоҳад шуд.

Сокинони ватандӯсти ноҳияи Рашт бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод амали нангини ин ватанфурӯшони наҳзатиро маҳкум намуда, намегузоранд онҳо аз нав ба сулҳу ваҳдати миллии мо, ки бо баҳои ҷони ҳазорон мардони ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, рахна ворид кунанд”.

 ***

Ҳамзамон сокинони ноҳияи Тоҷикобод суханронии роҳбари Ҳизби мамнуъи терористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабириро дар ҷаласаи солонаи САҲА   дар  шаҳри Варшава маҳкум намуда, чунин изҳори назар кардаанд:   

«Баъзе аз фурсатталабон ва мухолифони давлату миллати тоҷик мехоҳанд аз ин ҷаласа ба манфиати худ истифода намуда, худро дар чашми ҷаҳониён ва мардуми тоҷик  ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва пуштибони халқи Тоҷикистон нишон бидиҳанд.

Ин нукта қобили ёдоварист, ки он хоиноне, ки имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ ба муқобили давлату миллати тоҷик сангар гирифта, ҳангома барпо мекунанд, дақиқан ҳамон касонеанд, ки дар дохили кишвар натавонистанд ба ҳадафҳои шуми худ даст ёбанд. Онҳо дар муборизаҳои сиёсӣ шикаст хӯрданд ва чун хостанд табаддулоти низомӣ кунанд, ноком шуданд, акнун роҳ ба Аврупо пеш гирифтаанд ва мехоҳанд бо суиистифода аз минбари чунин ҷаласаҳову нишастҳо худро ҳомии озодиву озодихоҳиву демократия муаррифӣ кунанд. Инҳо бо сангандозӣ ба сӯйи давлату миллати худ мехоҳанд садоқат ва пойбандии худро нисбат ба хоҷагонашон нишон бидиҳанд, то барои пиёда сохтани хостаҳои нораво ва ғаразноки худ ва хоҷагонашон пуштибонии молӣ дарёбанд.

Навори суҳбатҳо аз ҷараёни ҷаласаи ёдшуда, ки аз тарафи мухолифон дар шабакаҳои интернетӣ гузошта шудааст, бори дигар чеҳраи воқеии  онҳоро бармало кард ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро шарманда ва шармсор сохт. Ин ҳама бархӯрд ва ё муносибати ғайриахлоқии мухолифин дар шаҳри Варшава бо ҳайати босалоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бесалоҳиятӣ, берӯйӣ ва дур будан аз назокатҳои дипломатии онҳоро нишон медиҳад.

Чӣ гуна метавон бо чунин рафторе даъвои демократия ва озодихоҳӣ  кард?!

Таърих борҳо собит карда, ки ҳар нафаре ва ё гурӯҳе, ки ба халқи худ душманӣ меварзад ва ба ватани  худ хиёнат мекунад, ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳад расид. Тавре Сайидои Насафӣ фармудааст:
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Мо-сокинони ноҳияи Тоҷикобод, бо пайравӣ ва пуштибонӣ аз сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аъмоли зишти мухолифини давлат ва миллати тоҷикро қатъиян маҳкум намуда, чун мардуми дигар минтақаҳои кишвари азизамон нахоҳем гузошт, ки фазои амни Тоҷикистони азиз дубора ноором ва  иттиҳоду якпорчагии миллати тоҷик халалдор шавад».

Сентябрь 17, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад