Чемпионати Тоҷикистон байни футболбозони то 18-сола( U-18) идома дорад

Сентябрь 6, 2018 11:48

ДУШАНБЕ,6.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Чемпионати Тоҷикистон байни футболбозони то 18-сола ( U-18) шиддат мегирад. Дар даври 17-уми қувваозмоиҳо наврасони МҶМОВ (РШВСМ) бо ҳамтоёнашон аз дастаи «Истиқлол» во хӯрда, дар лаҳзаҳои охири қисми дуввум натиҷаро мусовӣ гардониданд.  Ҳисоби 1:1 ба МҶМОВ имкон дод, ки ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот барояд.

Дар мавзеи Алмосӣ футболбозони навраси Академияи футболи ФФТ -«Орзу-2026» бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо нишододи 2:0 ғалаба карданд. Тӯбҳоро Мизроб Усмонов ва Муҳаммадҷон Ризомов ба нишон расониданд.

Баъди даври 17-ум «Истиқлол» бо 49 имтиёз дар зинаи аввал буда «Орзу-2026» дар ҷои дуввум мебошад.

Ёдрас мешавем, ки аз рӯи низомномаи мусобиқа 4 дастае, ки зинаҳои аз якум то 4-умро ишғол мекунад, баъди ду марҳала муборизаро барои медалҳо дар ду марҳалаи дигар  идома медиҳанд ва имтиёзҳои дар марҳалаҳои аввал гирифтаашон ҳисобида мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон байни футболбозони наврас (U-18). Даври 17-ум

«Орзу-2026» – «Равшан» – 2:0

Голҳо : Мизроб Усмонов, 30 (1:0). Муҳаммаҷон Ризомов, 74 (2:0).

МҶМОВ – «Истиклол» – 1:1

Голҳо: Нушервон Хомидов, 38 – аз пеналти (0:1). Ҳорун Қаҳоров, 88 (1:1).

Анушервони Одил (МҶМОВ) дар дақиқаи 20-ум пеналтиро ба ҳадаф нарасонид.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 17 15 1 1 60-15 46
2 «Орзу-2026» (Академияи ФФТ) 16 13 0 3 60-18 39
3 МҶМОВ (РШВСМ, Душанбе) 16 6 4 6 35-31 22
4 «Равшан» (Кулоб) 17 7 0 10 43-58 21

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Файзиддин Каримов («Орзу-2026») – 12 тӯб, Абдуллоҷони Қурбоналӣ («Истиқлол»), Умедҷон Рамазонов («Орзу-2026»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Абдузоҳид Каримов (МҶМОВ, РШВСМ) – 10.

Сентябрь 6, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад