Дар доираи намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои Самарқанд дар Хуҷанд беш аз 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ХУҶАНД, 11.09.2018. АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд, ки 7-8 сентябр доир гардид, дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаҳои ду вилоят гузаронида шуд. Дар интиҳои он байни 60 коргоҳи истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд 64 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, дар доираи баргузории намоишгоҳ зиёда аз 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногун, аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз ҷумла, ширкатҳои бонуфузи вилояти Самарқанд, чун “Азизон маҳсулот сервис”, “Зуҳриддин бизнес”, “Барака”, “Бахт”, “Бофанда”, “Фируз кардон сервис”, “Гермес-лтс”, “Мароканд кабел инвест”, “Миронкул строй сервис” таваҷҷуҳи бештари иштирокдорони намоишгоҳро ба худ ҷалб намуд.
Зимни иштирок ва шиносоӣ бо намоишгоҳ роҳбарони ҳарду вилоят баргузории намоишгоҳи мазкурро чун майдони имкониятҳо, хосатан барои соҳибкорони тарафҳо баҳри дарёфти шарикони нав, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ҳар ду вилоят муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд дар “Кохи Суғдиён”-и Хуҷандшаҳр Форуми соҳибкорони ҳар ду вилоят ва дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов баргузор гардид.
Ҷонибҳо аснои суҳбат аз талошҳои сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳо, ба имзорасии Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдовар шуда, доир ба тақвияти робитаҳо дар асоси Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳукумати вилояти Самарқанд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.









СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






