Дар Душанбе дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро натиҷагирӣ карданд

Сентябрь 6, 2018 15:13

ДУШАНБЕ, 06.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Музаффариятҳои  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ки кишварамон дар зарфи 27 сол  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба он мушарраф гардидааст, имрӯз зимни ҳамоише дар Маркази тадқиқоти стратегии /МТС/   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои  марбутаи мамлакат    таҳти унвони  «Дастовардҳои  Истиқлолияти давлатӣ ва таҳдиду хатарҳо ба он» баррасӣ шуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар сараввал доир ба татбиқи  ҳадафҳои стратегии   кишвар дар  даврони Истиқлолияти  давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки  «Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи 27 соли  Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид.  Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ  аз дастовардҳои муҳими   солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.  Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ  қадамҳои муассир мегузорад».

Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар ҳамоиш муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Олимӣ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва дигар  масъулини вазорату идораҳои мамлакат, коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ  роҷеъ ба илму маориф  ва татбиқи он дар истеҳсолот дар замони Истиқлолияти давлатӣ, дастоварду мушкилот, пешгирии   ифротгароӣ  ва терроризм, нақши занон дар рушди  сиёсати давлатӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,    дастовардҳои  рушди иқтисодии Тоҷикистон, рушди тафаккури   давлатдорӣ миёни ҷавонон, хатару таҳдидҳо ба Истиқлолият,  рушди бозори меҳнат,  мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳо ироа намуда, роҳҳои ҳалли онро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол муқаддам,  аниқтараш 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Он барои миллати тоҷик неъмати бузург буда, таҷлили ин санаи таърихӣ барои  мардуми тоҷик ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, бо назардошти вазъи  зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзи ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ барои  ҳар як  фарди ҷомеа  муҳим буда, танҳо бо роҳи ифодаи садоқат ба Ватан, миллат, ваҳдат, меҳнати софдилона    ва худогоҳӣ метавонем   дар пешрафту шукуфоӣ,  таъмини суботу осоиштагии сарзаминамон  ва ҳифзи  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар гуна  таҳдидҳои замони муосир  саҳмгузор бошем.                                                      

Марзия САИДЗОДА,
                                                              АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2018 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд