ФУТБОЛ: рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои ¼ -ниҳоии Чемпионати Осиё муайян шуд

Сентябрь 27, 2018 16:01

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё, ки дар Малайзия идома дорад, муайян шуд:  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ қувва хоҳад озмуд.   Навакак футболбозони кореягӣ дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Уммон бо натиҷаи 3:1 ғалаба карда, дар гурӯҳи «В»  сазовори мақоми аввал гардиданд.

Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов 30-юми сентябр дар бозии ¼-ниҳоӣ, дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая» бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Урдун (2:2), Яман (1:0) ва Уммон (3:1) бозӣ кард, вориди рақобат мешавад..

Ғолиби гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Япония бо соҳиби ҷои дуввуми гурӯҳи «В»- дастаи мунтахаби Уммон дар ҷуфти дуввум бо ҳам қувва месанҷад.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони бозиҳои ¼-ниҳоӣ дар Чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола, ки соли оянда дар Перу мегузарад,  иштирок хоҳанд кард.

Гурӯҳи «В»

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  Кореяи Шимолӣ 3 2 1 0 6-3 7
2  Уммон 3 1 1 1 5-5 4
3  Яман 3 1 0 2 5-4 3
4  Урдун 3 0 2 1 5-9 2

 

Сентябрь 27, 2018 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт