Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Иншооти мазкур сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншооти мазкур бо барқ як трансформатори иқтидораш 250кВ, дизел-генератори иқтидораш 30кВт насб карда шудааст.
Ҳамчунин дар атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст.
Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






