«ҶИНОЯТКОРОНРО БА ТОҶИКИСТОН ИСТИРДОД НАМОЕД». Муроҷиати ходимони дини вилояти Суғд ба созмонҳои байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба АМИТ «Ховар» аз номи ходимони дини вилояти Суғд муроҷиатнома расид, ки дар он амалҳои иғвогаронае, ки аз ҷониби Ҳизби наҳзати ислом дар шаҳри Варшава ба амал омаданд, маҳкум гардидаанд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла, омадааст:
Мо — сархатибон ва имомхатибон, дар умум ҳамаи ходимони дини вилояти Суғд панҷ рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастем ва ба ин суоли худ посух ёфта наметавонем, ки дар дили Аврупо- дар шаҳри Варшава ташкилоти бонуфузи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо кадом ҳадаф ҷаласа барпо намуда истодааст. Ҳадафи аслии ин ташкилоти муътабар, тавре аз номаш маълум аст, бояд таъмини амнияту субот бошад. Аммо ҳузури роҳбарону намояндагони гурӯҳҳои ифротию террористӣ чунин рисолат доштани САҲА-ро метавонад зери суол барад. Тавре мушоҳида намудем, дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди ватангурезон, хоинони миллати тоҷик эътилофи ихтилофангезе ташкил намуданду Кабирӣ нангу номусу орро канор гузошта, аз номи миллат сухан мегуфт. Аз номи миллати тоҷик сухан гуфтани як хиёнаткору ҷинояткор боиси нигаронии амиқи мо -ходимони дин гардид ва дар як вақт мо ин амалкардро маҳкум мекунем ва ба ташкилкунандагони ҳамоишҳои Варшава чунин муроҷиат ва талаб менамоем.
Муҳтарам роҳбарон ва ходимони САҲА,
Оё шумо намедонед, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистони ба шумо дӯст ҳамчун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эълон гардидааст ва роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мамнӯи ба ном динии наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон ҳамчун террорист дар ҷустуҷӯи Созмони байналмилалии полиси зиддиҷиноятӣ (Интерпол) мебошанду шумо онҳоро дастгирӣ карда, минбар додаед?
Шумо -роҳбарони САҲА доим даъво мекунед, ки Созмони мо дар ҷаҳон зидди экстремизм ва терроризм фаолият карда, экстремистон ва террористонро намегузорад, ки фаъолияти хоинонаи худро давом диҳанд, аммо афсӯс, чунин сиёсати духӯраву дугонаи шумо баръакси гуфтаҳоятон мебошад.
Дар таълимоти ҳамаи динҳои олам хоинони ватан бадтарин инсонҳо ҳисоб мешаванд, нафароне, ки ҷиноят карда, сабаби ҷангу ҷидол шуда, ба миллат, ватан ва мазҳаби худ хиёнат карданд, бояд онҳоро ҳеҷ кас дастгирӣ накунад.
Мо -ходимони дини вилояти Суғд аз ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, махсусан САҲА ва ташкилкунандагони ин ҳамоиш талаб менамоем, ки эътилофи ба тозагӣ таъсиснамудаи наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯ эътироф намуда, роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ-ро дар рӯзҳои боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳанд.
Мо қотеъона талаб дорем, давлатҳое, ки имрӯз он ҷо сукунат доранд, онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, то дар назди халқу қонун ҷавоб гӯянд.








Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид






