«Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судҳои иқтисодӣ»-бо чунин унвон дар Суди Олии иқтисодӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 27-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир гардид.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, иброз дошт, ки мавзӯи ҳамоиш аз «Истиқлолияи давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судҳои иқтисодӣ» иборат буд. Дар он муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Файзалӣ Комилӣ зикр кард, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва минбаъд ҳамасола 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар даврони истиқлолият такмили қонунгузории вобаста ба фаъолияти судӣ аз замони расидан ба ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт. То ба имрӯз дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунҳои нав қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад.
Боиси зикр аст, ки дар даврони истиқлолият барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, дар заминаи он сохторҳои судҳо такмил ёфта, барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023 дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Дар ҳамоиш судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зумрад Баротзода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самари он дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷ. Одиназода дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳким ва рушди судҳои иқтисодӣ» ва мутахассиси пешбари раёсати судҳои Суди Олии иқтисодӣ Ф. Вализода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва дастоварди он» маъруза карданд.








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






