Кумаки яквақтаи Президент ба сокинони Рӯшон расид
РӮШОН, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниёзмандони кишвар кумак мерасонанд. Имсол ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ғамхори мамлакат ба қишри ниёзманди ноҳияи дурдасти Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шуд.
4 сентябр намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода ва муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Вализода дар ҷамоатҳои деҳот ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон кумаки яквақтаи Президенти кишварро дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ба ҳар як маъюби дараҷаи 1 ва маъюбони то синни 18 расониданд.
Муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Ҷонибек Холиқзода ҳангоми расонидани кумакҳои Сарвари давлат изҳор дошт, ки «Пешвои миллат ва Роҳбари хирадманди мо ҳеҷ гоҳ қишри ниёзманди мамлакатро фаромӯш намекунанд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парастори маъюбону ятимон бошанд. Дар арафаи ин ҷашни бузургу тақдирсози миллат-Истиқлолияти давлатӣ 553 нафар ниёзмандони ноҳияи Рӯшон аз кумаки яквақтаи Президенти Тоҷикистон баҳравар гардиданд».
Сокинони Ҷамоати ба номи М.Абдулвосиеви ноҳия Наврӯзшо Ғуломҳайдаров ва Азиза Саодатқадамова-волидайни кӯдакони маъюб дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ба Президенти кишвар миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Мамадалӣ БАХТИЁРОВ,
ноҳияи Рӯшон








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






