Ҷ. Нурмаҳмадзода: «Низоми бонкии мамлакат дар даврони Истиқлолият тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил гардид»
ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият воқеан шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Ин матлабро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дирӯз зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки ташаккули низоми бонкдории ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки он дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамарӯза саҳм мегузорад. Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, кишвари мо соҳиби пули миллии худ гардид. Ин, бешубҳа, падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад.
Зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии мамлакат дар даврони Истиқлолият тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ҳамкории наздик бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва узвият дар ҳайати баъзе аз ин ташкилотҳо ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистонро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ин ҷашни фархунда якгурӯҳ кормандони фаъоли Бонки миллӣ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






