ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАВЛАТИ БА ПОРАҲО ТАҚСИМРО БА КИШВАРИ ВОҲИД ТАБДИЛ ДОДАНД. Муроҷиатномаи ҷавонони Тоҷикистон ба ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом ва ҳаммаслакони онҳо

Сентябрь 13, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар робита ба амалҳои иғвогаронае, ки аз ҷониби Ҳизби наҳзати ислом дар шаҳри Варшава ба амал омаданд, ба тамоми ҷавонон муроҷиатнома қабул намудааст. Дар он, аз ҷумла, чунин   омадааст:

Ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзат дар либоси поки дини мубини ислом бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои ғаразноки ҳаммаслакон ва иҷрои саривақтии супориши хоҷагони хеш тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, пас аз ин ҳама  хиёнату кирдорҳои зишт, амалҳои сахту сангин барои миллат  ва доғ овардан ба обрӯи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора мехоҳад аз минбарҳои созмонҳои бунуфуз, ки онҳо аз кирдорҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ надоранд, худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед намояд.

Ҳизби наҳзат бо роҳбарии хиёнаткор ва миллатфурӯш Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад бо риёкориву сохтакориҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро  бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, бо туҳмату буҳтон, сафсатаю дурӯғҳои фитнаангез мехоҳанд оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва Истиқлолияти комили миллиро халалдор намоянд.

Мо, ҷавонони Тоҷикистон амалҳои ғаразноку фитнаангези Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзат ва роҳбари он Муҳиддин Кабириро дар солҳои 90 – уми  асри гузашта хуб дар хотир дорем ва таърихи давлатдории миллии тоҷикон  ҳаводиси охири асри гузаштаро ҳеҷ аз хотир намебарорад. Ватани биҳиштосоро ба харобазор табдил доданд, ки бар асари он  оҳу нолаю фиғони модари тоҷик ба само мерасид, бародар аз гиребони бародари хеш мегирифт, писар бар сӯи падари хеш яроқ мебардошт, шогирдон хонаи устодони хешро оташ мезаданд. Ин ҳамаро таърих фаромӯш нахоҳад кард ва миллат аз ёд намебарад.

Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи  27 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, давлати ба пораҳо тақсимгардидаро ба як кишвари воҳид табдил доданд. Имрӯз насли ҷавони кишвар дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию фазои комили ваҳдати миллӣ  умр ба сар бурда истодаанд, вале хоинони миллати тоҷик, ки ин ҳама пешравию созандагиро бо чашми хеш дида, дар фазои орому осудаи он зиндагӣ карданд, ин ҳамаро нодида мегиранд, нону намаки ин миллатро хӯрда, ба намакдонаш хок пошиданд, ки ин амали хоинонаи онҳо аз ҷониби мо, ҷавонон беҷавоб намемонад.

Созмони бонуфузи САҲА  муроҷиату дархостҳои миллионҳо нафар модарону духтарон, ҷавонону  сокинони Тоҷикистони биҳиштосоро, ки  бар зидди ТТЭ ҲН буда, амалҳои ғаразноки ҳизби наҳзати исломиро маҳкум мекунанд, нодида гирифта, барои ин террористон дар баргузории нишастҳояшон иҷозаи вуруд ва ҳаққи сухан гуфтан медиҳанд. Ин  амал барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таҳқир аст. Зеро мо, ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар  кишвари орому осуда зиндагӣ карда, ин ташкилотро ҳамчун созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ва ба қавле, адолатпаноҳи ҷаҳон медонистем, вале рафтор ва ҳаводиси охире, ки дар САҲА ба вуқӯъ омад, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки САҲА бо ташкилотҳои террористӣ ҳамкорӣ намуда, ҷинояткоронеро, ки аз ҷониби давлатҳои узви САҲА  ҳамчун террорист шинохта мешаванд ва амалҳои онҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрати ҷаҳон маҳкум карда мешаванд, ҷонибдорӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

Мо, ҷавонони Тоҷикистон амалҳои ғаразноки Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзатро маҳкум намуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, мегӯем, ки Тоҷикистон ва халқи шарифи он дар партави сиёсати оқилона, одилона, содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо, ҷавонон мебошад, дар фазои орому осуда ва сулҳу субот фаъолияту зиндагӣ менамоянд. Ҳеҷ қувва ва ҳеҷ як ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ наметавонанд, ки фазои амну суботи кишвари моро халалдор намоянд.

Мо, ҷавонони Тоҷикистон амалҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ–ро маҳкум намуда, то ҷон дар бадан дорем, бар зидди ин гурӯҳи иғвоангезу террористӣ муборизаи беамон бурда, агар зарур шавад, баҳри ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва миллии худ ҷони хешро дареғ намедорем.

        Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст