«САҲА БОЯД МЕХАНИЗМИ КОРӢ ТАРТИБ ДИҲАД…». Роҳбари Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Россия Хусрав Аюбов дар ҷаласаи САҲА дар Варшава суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар ин рӯзҳо дар Варшава ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо оид ба андозагирии инсонӣ ҷараён дорад. Дирӯз дар ҷаласа роҳбари Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Россия Хусрав АЮБОВ суханронӣ намуд. Дар зер матни пурраи суханронии ӯро пешкаш менамоем.
Ташаккур, модератори муҳтарам!
Салом ба иштирокдорони муҳтарами ҷаласаи 7-уми САҲА оид ба андозагирии инсонӣ-2018.
Ман раиси Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Россия мебошам ва мо имрӯз беш аз 40 ҳазор нафар ҳастем. Суханронии асосии ман рӯзи 18 сентябр ба нақша гирифта шудааст, вале ҷаласаҳои дирӯза ва имрӯза маро бетафовут гузошта натавонистанд ва мехоҳам андеша ва мавқеи худро баён дорам.
Мо, албатта, бар зидди ҳама гуна табъиз ва зуҳуроти бетаҳаммулӣ, аз ҷумла, табъизи эътиқоди динӣ мебошем. Вале ҳамчунин мебояд ба инобат гирифт, ки ин лаҳзаро шахсон ё гурӯҳи шахсон ба манфиати мақсадҳои ғаразноки худ истифода накунанд.
Имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» худро ҳамчун гурезаи сиёсӣ ва мазҳабӣ нишон дода, аз амалҳои ҷиноятии дар Тоҷикистон содирнамудаи худ мегурезанд.
Мо ба САҲА ҳамчун яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ба давлатҳои иштирокдор тавсия медиҳем, ки барои фарқ намудани шахсони воқеӣ, ки аз рӯи ақидаҳои диниву сиёсӣ таъқиб мешаванд, аз шахсоне, ки инро ба хотири раҳоӣ аз ҷавобгарӣ барои амалҳои ҷиноии содиркардаашон истифода мекунанд, механизмҳо тартиб диҳанд.
Ташаккур.









Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






