Шоҳмотбозони беҳтарини Бадахшон барои Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ ба рақобат пардохтанд
ХОРУҒ, 04.08. 2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ мусобиқа аз намудҳои футболи хурд, шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ идома дорад. Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «мусобиқа байни 12 нафар шоҳмотбозони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расид. Ба даври ниҳоӣ дар ин бозӣ ду нафар шоҳмотбозони шинохтаи кишвар Олуча Ҷумъаев ва Алишер Мамадаёззода, ки ҳарду номзад ба Устоди варзиши ҷумҳурӣ мебошанд, роҳ ёфтанд. Бо каме бартарӣ Олуча Ҷумъаев дар ин рақобат пирӯз шуд ва мақоми аввалро аз худ кард. Ҷои сеюмро Нозим Мақсудшоев соҳиб гардид».
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, як моҳ пеш дар маҳаллаи Хоруғи боло бо кумаки Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ майдончаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо ин шумораи дастаҳои довталаб барои гирифтани Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ бамаротиб афзуд.
Ҳоло байни 24 даста мусобиқа идома дорад ва бозии ниҳоӣ 6 сентябр баргузор мегардад. Қарор аст, ки дар ҳамин рӯз бо ширкати Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода маросими супурдани ҷоизаи асосӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ доир гардад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






