Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Тоҷикистон дарТеҳрон
ДУШАНБЕ, 07.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла, донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъомадро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуд.
Дипломати тоҷик дар бораи ин рӯйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву ҳадафҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти мамлакат сухан кард.
Дар ҷамъомади ҷашнӣ наворҳои видеоӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ пахш гардида, барои меҳмонон ғизоҳои миллӣ манзур карда шуданд.








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






