ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2018 аст

Сентябрь 25, 2018 08:02

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ карданд.

***

10 сол қабл, 25 сентябри соли 2008 дар ИМА Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО,  Шоҳзодаи Нидерланд  ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

25 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Франсия –Рӯзи миллӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии масхарабозон.

РӮЙДОДҲО:

25 сентябри соли 2006  дар шаҳри Душанбе ба муносибати 10- солагии таъсиси Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

***

25 сентябри соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

***

  79 сол муқаддам, 25 сентябри соли 1939 дар Германия барои фурӯши нон ва орд меъёр муайян карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 ИМА қарор дар бораи манъи интиқоли аслиҳа ба Югославияро маъқул донист.

***

25 сентябри соли 1996 дар Россия аввалин нашриёти мусиқавии “СОЮЗ” рӯнамоӣ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017  ТАСС хабар дод, ки дастаи Тоҷикистон ғолиби аввалин Чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол миёни дастаҳои сафоратҳо дар шаҳри Москва гардид.

***

Соли 1818 табиби англис Ҷеймс Бланделл аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон амалиёти хунгузарониро аз як нафар ба нафари дигар доир кард.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Сентябрь 25, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш