Тоҷиддин Наботов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон: «Кӯшиш мекунем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 бозии сазовар намоем»
ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи оғози даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С», ки дар он дастаҳои Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираи Марианаи Шимолӣ ширкат менамоянд, дар меҳмонхонаи «Атлас»-и Душанбе нишасти хабарӣ баргузор гардид. АМИТ «Ховар» андешаҳои асосии иштирокдорони нишастро, ки хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешкаш кардааст, нашр мекунад.
Тоҷиддин Наботов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон (U-16):
— Пеш аз ҳама, мехоҳам, ҳамаи меҳмонон ва иштирокдорони мусобиқаро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гӯям ва ба онҳо комёбиҳо таманно намоям. Боварӣ дорам, ки мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба мухлисон писанд меояд. Дастаи мо дастаи нав аст. Мо бори аввал моҳи июл ҷамъ омадем ва дар мусобиқаи «Ҷоми умед» дар шаҳри Бишкек иштирок намудем, ки дар доираи он ба муқобили дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ўзбекистон бозӣ анҷом додем. Дар давоми бист рӯзи охир, мо дар тамрингоҳи Норак будем ва дар он ҳолати функсионалии бозигаронро беҳтар намудем. Мо рӯҳияи мусбат дорем ва ба баромади дастаамон бо умеди калон менигарем.
— Кадом ҷой дар гурӯҳ бароятон қобили қабул хоҳад буд?
— Ба натиҷаи нек умед мебандем ва мехоҳем, ки ҷойҳои баландро ишғол намоем. Иштироки дастаи мо дар ин мусобиқа барои бозингарони мо таҷрибаи бузург мебошад. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди футболи занона дар кишвар корҳои бузург анҷом медиҳад. Тавре шумо медонед, чанде пеш бори нахуст дар таърихи кишвар лигаи футболи занона гузаронида шуд. Вобаста ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 ҳаминро гуфтаниам, ки кӯшиш мекунем бозии сазовор намоем. Дастаҳои Эрон ва Таиланд рақибони қавӣ мебошанд, вале мо умедамонро аз ғалаба намеканем.

Танг Чи Минг, ёрдамчии сармурабии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ (U-16):
— Мо бори аввал дар чунин мусобиқа ширкат меварзем. Кӯшиш менамоем, ки бозии хуб нишон диҳем ва агар толеъ баландӣ кунад, ҳарчи бештар ба пеш равем.
Наруепон Кенсон, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Таиланд (U-16):
— Ба ҳамаи иштирокдорони марҳилаи интихобӣ муваффақият мехоҳам. Ҳамчун мизбони қисмати финали мусобиқа, мо аллакай ба Чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфтем, бинобар ин, мусобиқа дар Тоҷикистон барои мо марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё хоҳад гардид. Мо мекӯшем, ки ҷои аввалро дар зергурӯҳ ба даст орем, гарчанде ин хеле душвор хоҳад буд. Ман боз мехостам, ки иштирокдорони ин гурӯҳро дар қисмати финалии мусобиқа, ки дар Таиланд баргузор мегардад, бубинам.
Юнг Шу Шян, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Сингапур (U-16):
— Дастаи мо низ нав ташкил шудааст. Иштироки дастаи мо дар чунин мусобиқа муҷиби ифтихор ва шарафи бузург аст. Мо ҳама чизеро, ки ба он қодирем, нишон хоҳем дод. Мо бори аввал дур аз Сингапур қарор дорем.

Шодии Маҳинӣ, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони занонаи Эрон (U-16):
— Мехоҳам ба ҷониби мизбон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намоям. Дастаи Эрон аллакай дорои таҷрибаи вохӯрӣ бо иштирокдорони ин зергурӯҳ мебошад. Мо фурсати кофӣ доштем, то бозиҳои рақибонро таҳлил намоем. Вазифаи мо ба қисмати финалии мусобиқа баромадан аст.
— Кадом даста, ба андешаи шумо, дар гурӯҳ довталаби асосӣ (фаворит) мебошад, ва дар бораи дастаи Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?
— Албатта, дастаи Таиланд – дастаи бисёр муқтадир аст. Ҳамаи бозиҳо душвор хоҳанд буд, зеро ҳамаи дастаҳо мехоҳанд пирӯз шаванд ва натиҷаҳои мусбат ба даст оранд. Дар робита ба дастаи Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниам, ки мо қаблан бо он ду маротиба дидор анҷом додем ва бо неруи ин даста хуб ошноем.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






