«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ САЙЁҲӢ…». Доктори илмҳои география, профессор Холназар Муҳаббатов ғолиби озмуни «Ҷумҳурият» гардид

Сентябрь 25, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштааст, дар саросари кишвар чорабиниҳои муҳим баргузор шуда истодаанд.

Дар ҳамин радиф, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Ҷумҳурият» ба манзури инъикоси воқеии хидматҳои мондагори фарзонафарзандони Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи туризм ва инъикоси раванди эҳёву рушди сайёҳӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани матолиби иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, муайян намудани мақому манзалати туризм дар муаррифии миллату давлати тоҷикон миёни ҷаҳониён ва тарғиби тамаддуну фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ соли равон озмун эълон намуда буд. Он дар Рўзи Рўдакӣ – 22 сентябр дар Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Лоиқ»-и шаҳри Панҷакент бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, адибон ва олимони маъруфи кишвар Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Бароталӣ Абдураҳмонов, Маҷид Салим, Холназар Муҳаббатов, Ҳамза Камол, Ҷонибеки Асрориён ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷамъбаст гардид.

Ба озмун зиёда аз 100 матлаб ворид гардид, ки наздик ба 70-тои он рўйи чоп омад. Озмун фарогири хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ буда, дар тарғиби имкониятҳои фаровони кишварамон ҷиҳати рушди соҳа ва амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат бобати рушди бемайлони туризм дар тамоми манотиқи кишвар мусоидат намуд ва муаррифи маконҳои таърихию фарҳангии кишварамон гардид.

Тибқи хулосаи доварон, ба 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дувум, 3 нафар ҷойи сеюм сазовор дониста шуд. 4 нафар бо ҷоизаҳои махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардиданд. Ҳамчунин 10 нафар иштирокчии фаъоли озмун бо ифтихорнома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии муассисон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тавр, мақоми аввал ба доктори илми географӣ, профессор  Холназар Муҳаббатов барои матлаби «Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ: аз дастовардҳо то имкониятҳо», ҷойҳои дуюм ба доктори илми таърих Ҳамза Камол барои матлаби «Маконҳои муқаддас. Нақши онҳо дар шиносоии таъриху фарҳанг» ва Ҷонибек Асрориён барои матлаби «Чакомаи гесу» ва ҷойҳои сеюм ба нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим барои матлаби «Тоҷикистон. Ҷаҳони нав барои сайёҳон», директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абуабдулло Рўдакии шаҳри Панҷакент Фотима Рафиева барои матлаби «60 сол. Таърихи як осорхона», рўзноманигор Меҳрангез Қодирова барои матлаби «Сайёҳии байналмилалӣ. Таваҷҷуҳи бештар мебояд» дода шуд.

Ҳамзамон бо ҷоизаҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Ҷумҳурият» Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароталӣ Абдураҳмон ва муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ қадрдонӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштирокдорон аз маконҳои таърихиву муқаддаси шаҳри Самарқанд дидан карданд. Баррасӣ ва натиҷагирии матолиби пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рўзнома ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳамчун ташкилкунандагони озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ маваффақ гардиданд.

Воқеан, ин шашумин озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Давоми ду соли охир рўзномаи «Ҷумҳурият» озмунҳоеро ба хотири гиромидошти хизматҳои мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум доир намуд, ки дар боло бурдани ҳувият ва худшиносии миллӣ саҳми босазо доранд. Озмунҳои «Пайрави Пешво» бахшида ба Соли ҷавонон ва «Тоҷикистон – сарзамини сайёҳӣ» бахшида ба эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин миён бо ҳадафу муҳтавои худ мавқеи махсус доранд.

Сентябрь 25, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад