ВАҲ ЧӢ ШИРИН АСТ ИН АНГУР! Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан-2008»-и шаҳри Турсунзода

Сентябрь 24, 2018 17:48

ДУШАНБЕ, 24.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати офтобӣ, дорои обҳои мусаффо, табиати нотакрор, мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ ва бештар аз ҳама, макони меваҳои шаҳдбор мешиносанду ба онҷо ташриф меоранд. Тоҷикистони биҳиштосои мо сол аз сол аз мамлакати аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ табдил ёфта, дар он корхонаҳои бузурги саноатӣ ва боғҳои калони мевадиҳанда бунёд гардида истодаанд. Яке аз маконҳое, ки аз ҷиҳати саноативу аграрӣ дар мамлакат мақоми намоён дорад, ин шаҳри Турсунзода мебошад.

Дар баробари он ки дар ин шаҳр яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди мамлакат — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) ҷойгир аст, деҳқонони асили он ангурбоғи калоне бунёд намудаанд, ки дар кишвар шуҳрати хосса дорад.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсанзода сафар карда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан-2008» дидан намуданд.

Раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», фарзанди калонии деҳқони асил ҳоҷӣ Камол- Маҳмадамон Камолов дар оғози суҳбат зикр намуд, ки ӯ ва аҳли оилааш шуғли ангурпарвариро аз падару бобояш омӯхтаанд.

«Ангурпарварӣ ба мо аз бобову бобокалонамон мерос мондааст, зеро ҳамаи онҳо деҳқон буданд ва ба насли худ ин корро меомӯзониданд. Ман низ асрори ин корро аз падари худ- ҳоҷӣ Камол омӯхтам ва дар ин самт кор карда истодаам. Имрӯз аҳли авлоди мо аз пушти меҳнати дастранҷи худ, ки он токпарварӣ мебошад, зиндагии худро пеш бурда истодаанд»,-илова намуд Маҳмадамон Камолов.

Ин мавзее, ки мо қарор дорем, – иброз дошт Маҳмадамон Камолов, як гўшаи майдони боғи 500- гектараи бо супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари ман, ҳоҷӣ Камол ҷудогардида мебошад, ки дар давоми 10 сол ба як макони биҳиштӣ табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи номбурда, аҳли хонаводаи онҳо то соли 1989 ин корро дар миқёси замини наздиҳавлигӣ мекардаанд.  «Баъди соли 1989 панҷ гектар замин ба иҷора гирифтем ва ҳамин тавр корро идома додем. Оҳиста — оҳиста масоҳати боғи мо зиёд шудан гирифт.  Соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии мо 500 гектар замин ҷудо карда шуд»,-илова намуд раиси хоҷагии деҳқонии  «Боғи Сомон».

Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба токзори мо 3 маротиба ташриф оварданд ва дар ҳар як суҳбати худ барои беҳбудии кор тавсияҳои судманд медоданд».

Ба гуфтаи Маҳмадамон Камолов,  дар боғи онҳо асосан ангури «ҳусайнии сафед» парвариш карда мешавад, ки зиёда аз 70% — и масоҳати умумии токзорро ташкил медиҳад.

«Ин навъи ангур ҳам бомазза ва шаҳднок аст, ҳам ба муҳити табиии шаҳри Турсунзода мутобиқат мекунад. Аз ин хотир мо бештар «ҳусайнии сафед» ва боқӣ дигар намудҳои ин меваи биҳиштӣ, аз ҷумла «Чиллагӣ»,  «Шоҳона», «Ангушти хонум», «Ғалаба» ва ғайраро парвариш мекунем»,- зикр кард раиси Хоҷагии деҳқонии   «Боғи Сомон» ва илова намуд: «Ду сол мешавад, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин як навъи нави ангур овардем, ки  «Маникюр фингер»  ном дорад. Ҳоло онро пайванд ва шумораи дарахтонашро зиёд карда истодаем».

Зимни сафар ба ин боғи пур аз меваҳои шаҳдбор ба мо маълум гардид, ки дар онҷо барои нигоҳдории ангур сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст.  «Ғунҷоиши сардхонаҳои мо зиёда аз 1000 тонна мебошад. Ангур дар онҳо ба тарзи махсус нигоҳ дошта мешавад. Дар фасли зимистон дар ин сардхонаҳо сабзиву картошка низ нигоҳдорӣ мекунем, ки ин ҳам метавонад то андозае барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозор мутобиқат кунад», — иттилоъ дод фарзанди калонии ҳоҷӣ Камол- Маҳмадамон Камолов.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, онҳо ғайр аз токпарварӣ ба молдорӣ низ машғул буда, бо ин роҳ ният доранд аҳолии шаҳр ва дигар ноҳияҳоро бо гӯшти арзон таъмин намоянд.

Яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон – ин бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон мебошад. Аз ин хотир,- мегӯяд Маҳмадамон Камолов, — дар хоҷагии деҳқонии мо зиёда аз ҳазору  100 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд. «Замини токзор  ба онҳо тақсим карда шудааст. Агар дар маҷмӯъ гирем, 1 ҳазору 100 нафар саҳмдорон боз 5-6 нафарӣ корманд доранд, аз ин гуфтан мумкин аст, ки дар хоҷагии деҳқонии мо дар маҷмӯъ 5 ҳазору 500 — 6 ҳазор нафар кор мекунанд. Мо ба ҳар як хоҷагӣ аз рӯи 10 тонна нақша мондем ва боқимондаи ҳосил аз худи саҳмдорон хоҳад буд».

Ғайр аз ин, Маҳмадамон Камолов ба монанди падари худ, деҳқони асил ва соҳибкори ватандӯст ҳоҷӣ Камол дар корҳои ҷамъиятӣ низ саҳмгузор мебошад. Бо маблағгузории бевоситаи онҳо дар шаҳри Турсунзода бисёр корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардидаанд, ки пиру ҷавони шаҳр аз ин ифтихор мекунанду ба онҳо аҳсан мехонанд.

Бояд гуфт, ки дар хориҷи мамлакат ба меваҳои пур аз шаҳди Тоҷикистон талабот хеле зиёд аст. Аз ин ҷост, ки ба иттилои Маҳмадамон Камолов,  ангурҳои онҳоро ба Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон содир мекунанд.

Номбурда дар охири суҳбат аз дастгириву ташрифоти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонияш изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориву таваҷҷуҳи Роҳбари давлат корро дучанд менамояд.

«Сол ба сол дар ҷаҳон пешравию тараққиёт рафта истодааст. Мо низ ният дорем дар фазои обод, сулҳу ваҳдат ва шукуфоии Ватани азизамон солҳои наздик аз ангур нӯшокиҳои табиӣ ва мавиз истеҳсол намуда, бо ин роҳ Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем»,- хулоса намуд раиси Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»  Маҳмадамон Камолов.

Пас аз суҳбат бо Маҳмадамон Камолов ва дидорбинӣ бо падари ӯ ҳоҷӣ Камол бо мақсади шиносоӣ бо кор ва маҳсули меҳнати дастранҷи деҳқони асил ва заҳматдӯсти дигари шаҳр Неъмат Усмонов (ҳоҷӣ Неъмат) ба хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» раҳсипор шудем.

Раиси Хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» ҳоҷӣ Неъмат аз солҳои аввали ба ин кори пуршараф ва заҳматталаб – токпарварӣ оғоз намуданаш ёдовар шуда, зикр намуд, ки то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба мардум замин дода намешуд.

«Солҳои 60 – 70 — ум мо дар замини наздиҳавлигии худ токпарварӣ мекардем. Ин кор ба мо аз бобоямон  мерос мондааст, ки он кас соли 1930 ба он машғул буданд»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳоҷӣ Неъмат деҳқони асиле мебошад, ки ба ғайр аз ангурпарварӣ боз ба сабзонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ низ машғул аст. Тавре худи ӯ мегӯяд: «Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бисёр хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ корро бас карданд. Ман ҳамон вақт дар хоҷагии худ ниҳолпарвариро ба роҳ мондам. Овозаи ин кори ман то ба Сарвари давлат расид».

Як рӯз, — ёдовар шуд ҳоҷӣ Неъмат, – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти худро ба китфи ман монда, гуфтанд: «Ту одами бисёр некбахтӣ, бирав дарахтони худро дар шаҳри Душанбе, дар Қасри миллат тамошо кун».

Ба гуфтаи номбурда, ӯ дар як сол то се гектар ниҳол коридааст.  Албатта, ин аз як тараф даромади хуб меорад, аз ҷониби дигар бошад, дар ободонию боғбунёдкунии мамлакат саҳмгузор мебошад.

-Мо ду хоҷагии деҳқонӣ дорем, — гуфт ҳоҷӣ Неъмат ва илова намуд, ки  яке Хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» ва дигар Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» мебошад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки роҳбарии Хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» — ро ба уҳда дорад, ин хоҷагӣ аз 10 гектар оғоз гардида, ҳоло масоҳаташ ба 25 гектар расидааст. Дар он 15 нафар саҳмдор бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке аз онҳо аз 5 то 10 нафар коргар доранд.

«Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 ташкил карда шуда, масоҳати он 105 гектарро ташкил медиҳад. Дар он 165 нафар саҳмдорон кор мекунанд, ки онҳо низ аз 5 то 10 нафар коргар доранд»,- иброз дошт деҳқони асил ва меҳнатдӯст ҳоҷӣ Неъмат.

Бояд гуфт, ки ҳоҷӣ Неъмат дар баробари боғдориву токпарварӣ ҳамчун соҳибкори саховатпеша дар корҳои ҷамъиятии шаҳр низ саҳмгузор аст. Ӯ аз ҳисоби маблағҳои хоҷагӣ роҳи дохилии  деҳаашро  пурра афсалтпӯш кардааст, ки 5 километрро ташкил медиҳад. «Аз ҷумла ду километрашро соли равон асфалтпӯш намудем»,-гуфт  ҳоҷӣ Неъмат.

Мамлакати мо ҳоло ҷавон аст, — иброз дошт раиси Хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» ва илова намуд, ки сол то сол рушди иҷтимоию иқтисодии он пеш рафта истодааст.

«Аз ин хотир мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем дар ин самт ҳиссагузор бошем. Асоси ҳамаи ин гуфтаҳо тинҷию оромии мамлакат мебошад, ки имрӯз ба мо муяссар гардидааст»,- илова намуд ҳоҷӣ Неъмат.

Ба гуфтаи ин деҳқони соҳибтаҷриба ва асил,  ангури онҳо то ҳол ба тарзи тару тоза фурӯхта мешавад ва онҳо ният доранд дар ояндаи наздик коркарди онро ба роҳ монанд. Зеро, тавре худи ӯ мегӯяд: «Шириние, ки аз ангури Тоҷикистон омода карда мешавад, дар ҷаҳон камёб аст».

Ҷиҳати захира кардани ҳосили токзор бобои ҳоҷӣ Неъмат сардхонаи замонавӣ бунёд кардааст, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ӯ, сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот аст. Таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки барои босифат нигоҳ доштани маҳсулот мувофиқ мебошад.

Дар токзори ҳоҷӣ Неъмат ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд. Ин деҳқони заҳматдӯст ба хотири бе талафот ҷамъоварӣ намудани ҳосил то охири моҳи октябр ангурро чида, як қисмашро барои зимистон дар сардхонаҳо нигоҳ медорад ва қисми дигарашро  ба фурӯш мебарорад.

Ангурҳои мо, — мегӯяд ҳоҷӣ Неъмат,- бештар ба Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешаванд.

Зимнан, бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат мебошад.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба хоҷагии деҳқонии мо ташриф оварданд. Дар ҳар сафари Сарвари давлат, ки ба мо тавсияҳои судбахш медиҳанд, мо  хурсанд шуда, бо ифтихор ва рӯҳияи тоза корро идома медиҳем»,- чунин гуфт дар поёни суҳбат ҳоҷӣ Неъмат, ки наздик ба 80 сол умр дидааст  ва ҳоло ҳам ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, дар замин меҳнат ва аз ин кор ифтихор дорад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»,

Душанбе-Турсунзода-Душанбе

 

 Боғи ҳоҷӣ Неъмат

Сентябрь 24, 2018 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд