Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода: «Сокинони мамлакатро мебояд бо назари қадрдонӣ ба Ватан, миллат ва Пешвои муаззами худ нигаранд»
ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб шавад. Муҳимтарин қарзи шаҳрвандие, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани, миллат ва Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтар сохтан мумкин аст. Ин матлабро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дирӯз зимни ҳамоиш бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид, баён дошт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши пуршукӯҳи идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо сокинони кишвари азизамон бо ҳисси фараҳу шодмонӣ, рӯҳияи баланди идона ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд. «Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тамоми ин муваффақиятҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Бунёди муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншооти хизматрасонӣ, кушодани нақбу роҳҳо, дастовардҳои илмӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ аз файзу таровати Истиқлолият ва пойдории сулҳу субот дар кишвар мебошад».


Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини шароити моддӣ ва маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат садҳо бинову иншооти мақомоти корҳои дохилӣ навсозӣ ва тармиму таҷдид гардиданд.
Як зумра фаъолони соҳа ба муносибати 27-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудаанд. Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ба онҳо аз номи Сарвари давлат ин мукофотҳоро супорид.
Ҳамчунин бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба якчанд нафар кормандон барои хизмати арзанда мукофотҳо ва рутбаҳои навбатӣ тақдим гардид. Дар маҷмӯъ, ҳамагӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ зиёда аз 700 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои олӣ ва калони ҳайати роҳбарикунанда, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳо, Ифтихорнома, Раҳматнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






