ҲАМРОЗИ БЕҲТАРИНИ МО. Бонувони тоҷик дар рушди китобдории миллӣ саҳми назаррас доранд

Октябрь 13, 2018 10:44

ДУШАНБЕ, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 шаҳри Душанбе дар миқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО  пойтахти ҷаҳонии китоб  эълон карда мешавад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ин мазмун аз ҷониби ин созмон мактуби расмӣ ворид гардидааст. Дар робита ба ин   мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима РАҶАБОВА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикон аз қадимулайём китобдору китобдӯстдор будаанд. Ин анъана имрӯз низ миёни мардуми мо идома дорад…  

 

С. Раҷабова: Бале, миллати тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ба китобдорию китобхонӣ арҷ мегузошт ва онро  ҳамрози беҳтарин мешуморид. Беҳуда нест, ки ҳанӯз дар даврони Сосониён китобхонаи бузурге бо номи «Гунди Шопур» арзи вуҷуд кард, ки ниёгонамон ҳазорҳо нусха китобро бо забонҳои  паҳлавию юнонию санскрит ва ғайра он ҷо нигоҳ доштаю мавриди истифодаи аҳли фаҳм қарор додаанд. Замони Сомониён дар Бухоро ғанитарин китобхона – «Сивон – ул – ҳиммат» («Савонулҳикмат») таъсис ёфт, ки ба илми китобдорию китобшиносии миллатамон таҳкурсӣ гузошт. Давраҳои минбаъда даҳҳо ва садҳо китобхона аз сӯи тоҷикон бунёд гардиданд, вале, мутаассифона, дар шӯълаи оташи аҷнабиён хокистар шудаанд. Бо вуҷуди ин талошҳои миллатамон дар офариниши китоб ва мероси хаттӣ бесамар намонданд.

Бояд эътироф кард, ки суннатҳои дерини китобдорию китобхонии мардумамон дар давраи шӯравӣ бо мазмуну муҳтавои нав роҳандозӣ шуданд. Соли 1933 Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе дарҳои худро ба муштариён боз намуданд ва вазифаи муқаддас – ҳифзи мероси илмию адабӣ ва фарҳангии халқамонро бар дӯш гирифтанд.  Солҳои баъдӣ чандин китобхонаҳои умумию соҳавӣ дар саросари Тоҷикистон қомат барафрохтанд ва ба оҳистагӣ аввалин феҳристҳо, картотекаҳо, дастурҳои библиографии гуногун, маълумотномаҳо, дастурҳои илмию методӣ ва ғайра пайдо шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дастовардҳои соҳаи китобдории тоҷикон, қабл аз ҳама, дар баҳои ҷонфарсоиҳои бонувонамон ба вучуд омадаанд, чун ин бахш ҳамеша «симои занона» дошт. Аксари кулли кормандони китобхонаро занону духтарон ташкил медоданду медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Дастовардҳои бонувони тоҷикро дар соҳаи китобдорӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 С. Раҷабова: Маҳз бонувони Тоҷикистон назарияи китобдорию китобшиносии миллиро зери таъсири библиографияи эътирофшудаи дигар халқҳо рушду такомул бахшиданд, пояи низоми точикии онро мустаҳкам сохтанд, ки баъдан ба оҳистагӣ мафҳуми истилоҳҳои библиографии тоҷикӣ ба вуҷуд омада, равнақ ёфт. Мақоми китоб дар ҷомеа ба ҳайси сарчашмаи таҳаввулоти маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамвора рӯ ба болоравӣ ниҳод. Бахшҳои мустақили китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ пайдо шуданд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, нахустин дастурҳои тавсиявию библиографӣ бо забони тоҷикиро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ занон мураттаб сохтаанд. Мегуфтед, ки онҳо киҳо буданд?

С. Раҷабова: Инҳо Саодат Икромӣ (ҳамсари Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ) ва Рина Талман мебошанд, ки соли 1941 ду дастур  — «Армияи Сурх – посбони Ватан» ва «Михаил Лермонтов» — ро ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр намуданд. Саодат Икромӣ мураттиби феҳристи аввалини китобҳо ба забони тоҷикӣ ва созмондиҳандаи нахустин намоишгоҳҳои китоб низ маҳсуб меёбад. Дар тасниф ва тасвири асарҳои чопӣ, таҳияю таҳрири феҳристҳо, ташаккули хазина ва баҳисобгирии захираҳои он, коркарди адабиёт ба забони тоҷикӣ, таҳияи дастурҳои библиографӣ ва ғайра саҳми нахусткитобдорони тоҷик Саодат Икромӣ, Сарвар Бурҳонова, Музаффара Қосимова, Ойчӣ Юсуфова ниҳоят калон мебошад. Ин бонувон сазовори унвони «Китобдори шоистаи Тоҷикистон» гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: Дар ноҳияҳои дурдаст чӣ гуна ҳолат буд ва дар ин самт дар китобхонаҳо киҳо фаъолият доштанд?

С. Раҷабова: Китобдори шоистаи Тоҷикистон Малоҳат Маҳмудова солҳои 1940-1966 вазифаи мудири китобхонаи мактаби миёнаро дар шаҳри Конибодом иҷро намуда, дар пешбурди китобдории миллӣ нақши босазо гузошт. Таҷрибаи ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дигар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Китобдори шоистаи Тоҷикистон Хосият Маҳкамова ҳам солҳои 1950-1973 мудирии китобхонаи Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи Конибодомро ба уҳда дошт ва дар тарғибу ташвиқи «аниси кунҷи танҳоӣ» саҳми босазо гузошт, комёбиҳои навтарини риштаи китобдориро дар як китобхонаи деҳкада амалӣ гардонд ва бо муносибати хуби эҷодӣ ба равнақи китобшиносии миллӣ такон бахшид.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Нуринисо Бобоҷонова расо бист сол (1967-1987) сарвари Китобхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) буд. Бо ибтикори мавсуф ҷиҳати кори китобхонаи асосии ҷумҳурӣ, тақвияти корҳои илмию методӣ ва таҳқиқотӣ, мутамарказонидани маҷмӯи китобхонаҳои Тоҷикистон, ғанигардонии хазинаи китобхона, ба танзимдарории барномаҳои нави корӣ, коркарди ҷадиди назорати китобшиносии тоҷик ва ғайра кӯшиши фаровон ба харҷ дода шуд.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Лола Шерова баъди хатми шуъбаи китобдории Институти давлатии педагогии ш.Тошканд (соли 1966) беш аз бист сол вазифаи директори китобхонаи вилоятии ш.Хоруғро адо намуд. Дониши баланди назариявӣ ба ӯ имкон дод, ки дар китобхона иттилооти библиографӣ мазмуну мундариҷаи нав пайдо кунад ва хадамоти китобдорӣ бо такя ба дастовардҳои илмии соҳа рӯ ба равнақ ниҳад. Китобдорони шоистаи Тоҷикистон Очаой Азимова, Ҳуррият Солеҳбоева, Азизпошо Собирова дар Хуҷанду Ашт ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд солҳои 50-уму 70-уми асри гузашта ливои китобдории миллиро баланд барафрохта, китобхонаҳои маҳаллиро ба воситаи эътимодбахши иттилоъ табдил сохтанд ва дар такомули бахш ҷунбиши созанда ба вуҷуд оварданд. Равнақи китобдорӣ дар минтақаи Кӯлоб бо номҳои Умарова Н., Раҷабова З., Абдуллоева С., Шарифова А., Ҷумъаева М. ва дигарон сахт пайвастагӣ дорад.

Мусалламан, ҳар кор вобастаи айёму шароит амалӣ мегардад, бо мурури замон баъзе фаъолиятҳои анҷомёфта тадриҷан ба дард намехӯранд, вале ҷиҳати пешрафти минбаъда замина мегузаранд ва баҳри тай кардани марҳалаи нав ёрӣ мерасонанд. Маҳз бо ҷидду ҷаҳди чунин бонувони боназокат китобдории тоҷик бунёд ва тавсия ёфт, ҷойгоҳи хешро пайдо кард, китобхонаҳо ва дигар махзанҳои маърифатӣ ташкил ва ба авҷи камолот расиданд. Китобдори тоҷик ба олами илми соҳа ворид гашт, дар китобхонаҳо ба махсусияти доираи муштариён ҳамчун омили муҳимтарин таваҷҷуҳ зоҳир гардида, тарбияи маданияти иттилоотӣ шакл гирифт, фарҳанги пажӯҳиши иттилоот ба вуҷуд омад, робитаи хонандагон бо махзанҳои маърифатӣ қавӣ гардид, китоб дар иҷрои корҳои муҳиму судманд ба онҳо мададрасон шуд. Бонувони тоҷик дар ҳамоҳангсозии фаъолияти кулли китобхонаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, бо табодули таҷриба дараҷаи тахассусии хешро боло мебардоштанд.

АМИТ «Ховар»: Китобдорони тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд?

С. Раҷабова: Соҳибистиқлолии Тоҷикистон омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи тоҷикон гардид. Кунун миллат номаи тақдирашро ба дасти хеш бинвишта, ҳамсадоии набзашро бо набзи сайёра таъмин намуд. Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими анъанаи китобдориро аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор доданд. Ин ибтикори сарвари давлат ҳамаи кормандони соҳа, хосса бонувонро, ки қисмати аъзами онҳоро ташкил медоданд, боз ҳам рӯҳбаланд гардонд. Бо дарназардошти талаботи давлати мустақил татбиқи риштаи китобдорӣ бо шеваҳои ҷадид роҳандозӣ шуд, ки аҳдоф ва арзишҳои нави онро дар худ таҷассум сохт. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоии даҳсолаи аввали истиқлолият баробари пешрафти ҷомеаи тоҷикон мақоми китобу китобдорӣ оҳиста-оҳиста боло рафт, роҳандозии технологияи муосир, ташкили китобхонаҳои электронӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба рушди он такони тоза бахшид.

Дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус китобхонаҳои давлатӣ-оммавии системаи марказонидашудаи вилояти Суғд, Бадахшону Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 79,4% занон ба ҳайси роҳбарӣ фаъолият доранд. Айни замон дар Китобхонаи миллии Точикистон 264 нафар занон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 14 нафар ба ҳайси сардорони шуъбаву марказҳо мебошанд. Инчунин аксар бонувони китобдор дар озмунҳои соҳаи китобдорӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз бонувони тоҷик дар китобхонаҳою дигар муассисаҳои маърифатии ҷумҳурӣ хизмат ба ҷой оварда, анъанаҳои хубу самарабахши китобдории пешиниёнро тақвият мебахшанд, тафаккури илмӣ, техникӣ ва фарҳангии муосирро фаро мегиранд, пойгоҳи васеи иттилоотиро фароҳам оварда, хидмати баланди китобдориро ба муштариён роҳандозӣ менамоянд ва дар мустаҳкамгардонии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон нақш мегузоранд.

Октябрь 13, 2018 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд
«ДАР ТАЛОШИ ҲАҚИҚАТ». Филми коргардони тоҷик соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Имрӯз дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии рақс оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд