«АНДАЛЕБ — 2018». Комёбиҳои фарҳангу ҳунари минтақаҳои кишвар бо тобишҳои рангин манзури тамошобинон мегарданд
ДУШАНБЕ, 9.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври аввали фестивал 12 октябри соли равон дар ноҳияи Темурмалик доир мегардад. 15 октябр дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд.
Даври аввали Фестивал-озмун дар шаҳру навоҳии мамлакат то 17 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт.
Нимаи дуюми моҳи ноябр даври дуюми Фестивал – озмун дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябри соли ҷорӣ дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Мақсад аз баргузории фестивал — озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал — озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
Фестивал озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат мебошад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






