Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон пайкест аз тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар минтақа

Октябрь 16, 2018 16:33

ДУШАНБЕ, 16.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо шарофати иқдомҳои наҷибонаи Президентҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз пеш густариш ёфта,  дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди Душанбе ва Ашқобод  марҳилаи нав оғоз хоҳад гардид,  зеро ташрифи ҳайати фарҳангии  беш аз 350- нафараи Туркманистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шомурадов ба Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Ин нукта дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки шоми 15 октябр дар  муҷтамаи давлатии  «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ҳузури аҳли фарҳанги Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони  Вазорату идораҳои кишвар, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, анҷумани дӯстии Тоҷикистону Туркманистон ва устодону донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид.

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирони  фарҳанги ҳар ду давлат  -Тоҷикистон Шамсиддин  Орумбекзода ва  Туркманистон  Атагелдӣ Шомурадов доир ба робитаҳои фарҳангии ду кишвар сухан карда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти тақвияти ҳамкории фарҳангии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳайати фарҳангии  Туркманистонро  ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ тӯли солҳои охир ба маркази фарҳангӣ ва ҳунарию сайёҳӣ  табдил ёфтааст, зеро Тоҷикистон сарзаминест, ки фарҳангу ҳунар рукни муҳими рӯзгори мардуми санъатдӯсти тоҷик  маҳсуб мешавад.

Мусаллам аст, ки мардумони тоҷику туркманро  аз қадимулайём робитаю анъанаҳои неки таърихию фарҳангӣ бо ҳам пайваста, он дар замони муосир бо соҳибистиқлол гардидани кишварҳо дар партави сиёсати фарҳангии Сарварони баландпояи ҳар ду давлат беш аз пеш ташаккул меёбад.

Зикр шуд, ки ҳар ду миллат  бо таърихи бостон, фарҳанги пурғановат ва дигар арзишҳои бузурги миллӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир гузошта ва аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдоранд.

Барномаи консертии аҳли санъати Туркманистон бо пешниҳоди суруди  «Дӯстӣ»  дар иҷрои Ансамбли фолклории Туркманистон  оғоз гардид. Ҳайати фарҳангии Туркманистон, устодони санъати ин кишвар  бо барномаи ҷолиб ва хотирмони ҳунарӣ дар назди қишрҳои фарҳангии Тоҷикистон ва меҳмонон ҳунарнамоӣ намуданд, ки он аз ҷониби иштирокдорон зери кафкӯбиҳои бардавом хеле хуш  ва самимӣ истиқбол гардид. Хусусан ҳунарнамоии овозхонҳо ва   раққосони Ансамбли фолклории Турк манистон, рақсҳои миллии туркманӣ дар иҷрои раққосони ансамбли рақсии давлатии Туркманистон  «Серпай», гурӯҳи рақсии «Ашқобод» басо ҷолиб  буд.

Аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Туркманистон  Суханбердӣ Атабаев  суруди тоҷикӣ  «Васфи  Ватан» бо забони тоҷикӣ иҷро гардид, ки аснои танинандоз гардиданаш  аҳли толор аз ҷой бархоста, ҳамовозӣ намуданд. Зери кафкӯбиҳои пурмавҷ ва парафшонии парчамҳои  давлатии Тоҷикистон ва Туркманистон барнома хеле самимӣ ва дар сатҳи баланд  истиқбол гардида, ба «Шоми фарҳангию дӯстӣ» шукӯҳи тоза бахшид.

Бояд гуфт, ки аҳли эҷод ва ҳунармандони Туркманистон  ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар ба Тоҷикистон бо омодагии ҷиддӣ ташриф   оварда буданд, зеро барномаи консертии ҳунарманмадони туркман, ки  тараннуми дӯстиву рафоқат, бародарӣ, ватандӯстӣ  ва меҳру муҳаббат буд, далели ин гуфтаҳост.

Бояд тазаккур дод, ки ҳунарнамоии устодони санъат ва гурӯҳҳои рақсии Туркманистон, ки дар толори «Кохи Борбад» -и пойтахт доир гардид, рӯзҳои наздик дар шабакаҳои давлатии телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба таври пурра намоиш дода мешавад.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аҳли фарҳанг ва эҷодии Туркманистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дӯстӣ бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ намуда, дар Театри академии драмавии  ба номи А. Лоҳутӣ  намоишномаи «Гулпам»-и Театри   давлатии мусиқӣ –драмавии ба номи С. Сейдии вилояти  Лебапи Туркманистон  намоиш дода шуд. Инчунин дар доираи ин рӯйдоди фарҳангӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши маҳсули ҳунармандон ва аҳли эҷоди  Туркманистон таҳти унвони «Туркманистон қалби Роҳи Бузурги Абрешим» ба маъраз гузошта шуд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба рушд ва тавсеаи ҳамории фарҳангӣ, балки ба тақвияти робитаҳои самарабахши ду давлат дар соҳаҳои мухталиф  такони ҷиддӣ  хоҳад бахшид, зеро робитаҳои неки фарҳангӣ пайкест аз тавсеаи дӯстиву бародарӣ. Он ҳамчунин роҳро дар самти тавсеаи ҳамкории  гуногунсоҳаи ду  давлат ҳамвортар хоҳад кард.

                                                     Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2018 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст
Имсол дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият дорад
Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад