Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 соҳиби медали нуқра гардид

Октябрь 15, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари  навраси  тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар  шаҳри Буэнос Айреси Аргентина ҷараён доранд, аз  намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати даставии омехта сазовори медали нуқра шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамдастаи Бежан дар рақобатҳои даставӣ варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер буд. Ин ҷуфт дар финал аз ҷуфти Кирил Киров (Булғористон)/Ванесса Сигер (Германия) бо ҳисоби 3:10 шикаст хӯрд. Ҷои сеюмро ҷуфти Дмитро Ҳонта (Украина)/Андреа Викториа Ибарра Миранда (Мексика) ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон, ки 7 октябр дар шаҳри  Буэнос Айреси Аргентина оғоз шуданд, 3 варзишгари Тоҷикистон иштирок доранд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ).

Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал гарданд. Дар ҳайати даставӣ 10 октябр Сулаймони Ҷамшед медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Хотиррасон  менамоем, ки бозиҳо то 18 октябр идома меёбанд. То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи  мунтахаби  Россия бо 37 медал (22 тилло, 9 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст.

Дастаи мунтахаби Венгрия  бо 20 медал (12-5-3) дар зинаи дуюм, дастаи мунтахаби Япония бо 26 медал (9-6-9) дар зинаи сеюм қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, дар ин бозиҳо варзишгарони 72 давлат соҳиби медали олимпӣ гардидаанд.

 

 

Октябрь 15, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд