Бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуданд

Октябрь 16, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Лигаи футболи Тоҷикистон бо қарори худ бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистонро ба вақти номуайян ба таъхир гузошт. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, иштироки дастаи мунтахаби мамлакат дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш  ба ин амал сабаб гардид.

Бозиҳои даври 20-ум бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» – КМВА «Помир», «Хатлон» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»  ва «Панҷшер» – «Барқчӣ» аз рӯи тақвими мусобиқа  мебоист 21 октябр баргузор мегардиданд. Вале тибқи қарори Лигаи футболи Тоҷикистон, дар ин рӯз гузаронидани бозиҳои ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки 17 октябр бозиҳои рафти ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои  «Истиқлол» бо  «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо  «Хуҷанд», инчунин бозиҳои баргашти ин вохӯриҳо 21 октябр миёни «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» гузаронида мешаванд.

Октябрь 16, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад