Дар Душанбе 12-умин Фестивали байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» оғоз гардид

Октябрь 26, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» 12-умин Фестивали байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» оғоз гардид. Фестивал ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, тайи ду рӯз идома меёбад. 

Ташкилкунандаи фестивали байналмилалӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маросими ифтитоҳи он соати 15:30 ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар фестивал ҳунармандон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

 

Октябрь 26, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад