Дар Душанбе ҷаласаи аввалини Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шуд ва маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи аввалини Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ имрӯз, 10 октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода, ки ҳамзамон муовини раиси Комиссияи давлатӣ низ ба ҳисоб меравад, баргузор гардид.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих иттилоъ медиҳад. Соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сатҳи давлатӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад. Дар робита ба ин аз 10 то 24 октябр маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мешавад. Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои шаҳри Нораки вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласаи якуми Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ таъкид гардид, ки Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, мақомот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, назорати раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Тартиби тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 «Оид ба чораҳои иловагии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ташкил шудааст.
Роҳбарии Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор карда шудааст. Муовини раиси Комиссия – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва котиби он – муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ба ҳисоб мераванд. Ба ҳайати Комиссияи давлатӣ ҳамчунин роҳбарони вазоратҳову мақомоти гуногуни ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо шомил шудаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа зикр карда шуд, ки вазифаи асосии Комиссия ташкил ва баргузории маъракаи муҳими сатҳи давлатӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ аст. Ташкил ва баргузории ин маърака ба таври васеъ барои давлат муҳим буда, дар ин самт ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро дар ҷараёни баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил на танҳо шумораи аҳолӣ ва манзил дақиқ карда мешавад, инчунин паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сокинони кишвар мавриди таҳлили васеъ қарор мегирад ва маълумоти зиёд дастрас карда мешавад. Барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ ва коркарди самараноки он фаъолияти Комиссияи давлатӣ зарур шуморида мешавад.
Қиёмиддин Давлатзода, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими дар пешистода – барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ро шарҳ дода, иброз дошт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ имрӯз як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, аз 10 то 24 октябр баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Норак дар назар аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ба таври анъанавӣ, яъне назарсанҷиии «рӯ ба рӯ» баргузор мешавад.
«Чун асри 21 асри технология аст, мо низ ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз технологияи иттилоотӣ самаранок истифода бурданӣ ҳастем. Мо дар сомонаи Агентии омор замима ё барномаи махсус омода намудем, ки дар он варақаи бақайдгирӣ ҷо карда шудааст. Сардорон ё аъзои хоҷагиҳо, ки ба Интернет дастрасӣ доранд, метавонанд ба сомонаи мо ворид шуда, варақаро пур кунанд. Ғайр аз ин мо аз рӯйи имконият истифодаи планшетҳоро ба роҳ монданӣ ҳастем. Ин бисёр самаранок ва муфид аст, чун назарпурсӣ «рӯ ба рӯ» баргузор шуда, дар як вақт маълумот дар планшет коркард мегардад. Ин ҳам сарфаи вақт ва ҳам эътимоднок аст. Албатта, натиҷаи ниҳоӣ аз посухи пурсидашавандагон ба саволҳои варақаи барӯйхатгирӣ ҳам вобастагӣ дорад, яъне ҳар қадар онҳо посухи дуруст диҳанд, ҳамон қадар маълумоти муътамад ва эътимодбахш ҳосил мешавад»,-зикр кард Қиёмиддин Давлатзода.
Ҳамин тавр дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон истифода хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1.3 миллион хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бешаҳрвандӣ, ки дар замони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муваққатан ҳастанд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.
Дар хотир бояд дошт, ки иштирок дар ин маърака қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад!








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН. Таъсири бозиҳои компютерӣ ва мушкилоти пешгирии иҷтимоӣ






